Субҳи имрӯз дар мавзеи Наводаки наздик ба маркази маъмурии ВМКБ ҷасади ду нафар сокини шаҳри Хоруғ бо ҷароҳатҳои бардошта аз силоҳи оташфишон дарёфт шуданд. Ҷасадҳо дар дохили автомашинаи муталлиқ ба яке аз онҳо қарор доштанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод, сокинони маҳаллаҳои УПД ва Бархоруғ, хешовандон Сайёд Охонқадамови 24-сола ва Далер Хушдилови 25-сола ҳадафи тири афроди номаълум қарор гирифтаанд.

«Бо кадом мақсад содир шудани ин ҷинояти густохонаро гурӯҳи махсуси тафтишотии таъсисёфта, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти милисаву прокуратура шомиланд, таҳқиқ доранд», - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳалокшудагон ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ҳеҷ муносибате надошта, дар бетартибиҳои моҳи августи соли 2012 ва моҳи майи соли 2014 иштирок накардаанд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиши онро раҳбарияти мақомоти милиса ва прокуратураи вилоят таҳти назорат мегирад.