Сангрезаи зиёд ва кӯчидани шах (харсанг) дар километри 374-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ, ки нимаи дуюми рӯзи 26 феврал рух дод, ба ҳаракати нақлиёт дар ин самт монеъа эҷод кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар дод, дар ҳарду тарафи ҷойи ҳодиса тақрибан 200 автомашина дар банд монда, хушбахтона, аз ин ҳодиса касе осеб надидааст. «Барои бартараф кардани оқибатҳои ин ҳодиса, корҳои таркиш гузаронидан зарур аст», - гуфтанд дар Кумита.

Зимнан зикр гардид, ки чун шахи дар паҳлӯи макони ҳодиса қарордошта низ дар ҳоли кӯчидан қарор дорад, айни ҳол баргузор намудани корҳои тозакунии роҳ ва таъмини ҳаракати нақлиёт ғайриимкон аст.