Бар асари сангфароӣ ба роҳи мошингард дар ноҳияи Айнӣ 4 нафар ба ҳалкоат расиданд.

Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки субҳи рӯзи 4 март ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ-2105, сокини 58-солаи ҷамоати Рарзи ноҳияи Айнӣ, табиби Маркази солимии ҳамин ноҳия Шодиназар Шоназарови 58-сола зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ дар қаламрави деҳаи Вешаби ҷамоати Шамтуч зери сангфароӣ монда, дар натиҷа автомашина ба ҷарии чуқуриаш 100 метр сарозер рафтааст.

Ба иттилои манбаъ, ронанда ва се нафар мусофирони он, аз ҷумла ду нафар занон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.