Миёни қурбониёни ҳодисаи сӯхтор дар маркази савдои «Адмирал»-и шаҳри Қазон, ки рӯзи 11 март рух дод, 4 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доранд.

Сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират в шуғли аҳолии ҶТ оид ба муҳоҷират дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бар асари сӯхтор дар ин маркази савдо зодагони ноҳияи Рӯдакӣ - Тӯраев Қосимҷон Аъзамхоҷаевич (санаи таваллуд 15.06.1971 сол) ва Ҳикматуллои Хайтуллохон (с/т 26.02.1992 сол) ва ҳамчунин  зодагони ноҳияи Ёвон - Риёев Эмомалӣ Раҳматуллоевич (с/т 04.11.1984 сол) ва Давронов Алишер Азизович (с/т 08.11.1996 сол) ба ҳалокат расидаанд.

Сӯхтор дар маркази савдои «Адмирал» -и шаҳри Қазон рӯзона дар яке аз қаҳвахонаҳои ошёнаи якуми рух дода, аз марказ дар маҷмӯъ 650 нафар наҷот дода шуданд. Сӯхтор дар майдони 4 ҳазор метри мукааб хомӯш карда шуда, сохторҳои бино қисман хароб ва кӯчиданд. Шумори дақиқи ҳалокшудгаону осебдидагон то ҳол саҳеҳан маълум нест.

Бино ба иттилои радиои «Озодӣ» , сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба наздикони қурбоншудагон дар ин сӯхтор изҳори ҳамдардӣ карда, хостори ироаи тамоми ёроиҳои лозим ба наздикони қурбониён ва осебдидагон шудааст.