Корманди Хадамоти таъминотии милитсияи ШВКД дар  шаҳри Хуҷанд сержанти милитсия Парвизҷон Ёқубов ҳангоми пеш бурдани фаъолияти хизматӣ аз худ ҳушёриву ҷасорат нишон дода, нимаи дуюми рӯзи 25 март Мавзуна Зокироваи 28-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки бо мақсади суиқасд ба худкушӣ худро аз болои пули дарёи «Сир» ба поин партофта буд, аз ғарқшавӣ наҷот дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, сарфи назар аз сардии оби дарё, Парвизҷон Ёқубов, дарҳол худро аз паси зан ба об партофта, дар лаҳзаҳои кӯтоҳтарин ӯро аз хатари ғарқшавӣ эмин ва аз марг наҷот додааст.

Гуфта мешавад, раҳбарияти ин шуъбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қадрдонии ин рафтори наҷибонаи корманди ҷавони милиса омодагӣ мегиранд.