Дар ноҳияи Кирови шаҳри Санкт-Петербурги Русия афроди номаълум муҳоҷири 16-солаи тоҷикро кушта, боз як ҳамроҳи ӯ - муҳоҷири тоҷики 19-соларо захмӣ кардаанд.

Бино ба иттилои хабаргузории Neva.Today аз нақли муҳоҷири захмишуда, се нафар афроди ношинос назди онҳо омада, пул талаб мекунанд ва  бо ин сабаб миёни онҳо муноқиша рух дода, дар ҷараёни он яке аз онҳо кордро гирифта, ба муҳоҷирон дарафтодааст.

Шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ба зодагони Тоҷикистон се нафар дарафтодаанд, ки дар натиҷа яке ҳалоку дигарӣ бо захми вазнин ба бемористон мунтақил шудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки мақомоти пулиси ноҳияи Киров ҷинояткоронро мавриди ҷустуҷӯ қарор дода, аз рӯи ин далел парвндаи ҷиноӣ боз шудааст. Зикр мегардад, ки мақомоти пулис ҷавони 20-солаи славянитаборро ҷустуҷӯ доранд.