Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ имрӯз барои ҷустуҷӯи боқимонда  ҷасади қурбониёни ярч дар ноҳияи Файзобод техникаро сафарбар намуд.

Сухангӯи ҲФ ва МГ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба иллати бероҳӣ то имрӯз сафарбарии техника ба маҳалли ҳодиса ғайриимкон буд ва пас аз дуруст кардани роҳ, ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимонда зери ярч бо экскаватору дигар техникаҳои Кумита оғоз гардид.

«Ҳамчунин дар маҳалли ҳодиса дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор низ ҳозир буда, ғайр аз ин, боз 100 нафар сокинони деҳаи Яккачинор низ ба ин корҳо ёрӣ мерасонанд», - иброз дошт ӯ ва таъкид дошт, ки ҷустуҷӯи боқимонда ҷасадҳо дақиқае ҳам қатъ нагардида буданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 апрел бар асари лағжиши як теппа  дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод беш аз 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Онҳо тариқи ҳашар ба таъмир ва насби қубури обгузар машғул буданд. Худи ҳамон рӯз ҷасади 2 нафар - Шодмон Умарови 25-сола ва Маҳмад Умарови 28-сола аз зери ярч дарёфт шуда буд.

КҲФ ному насаби қурбониёни ярчро эълом дошт, ки инҳоанд: Алимардонов Шодмон, соли тавалудаш 1990; Умаров Маҳмад, с/т 1987; Одинаев Худойбердӣ, с/т 1963; Абдуллоев Исломиддин, с/т 1989; Ҷалилов Саид, с/т 1997; Кабиров Далер, с/т 1998; Нуров Фахриддин, с/т 1986; Толибов Мақсуд, с/т 1996; Қурбонов Наим, с/т 1979 ва Шодиев Мақсад, с/т 1986.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикони фавтидагон тасаллият изҳор намуда, дастур дод, ки ба онҳо кумаки зарурӣ расонида шавад.