Зимни сӯхтор дар хобгоҳи Донишгоҳи тиббии Русия ба номи Пирогов дар шаҳри Маскав беш аз 40 нафар осеб диданд.

Тавре Вести хабар медиҳад, миёни шахсони осебдида донишҷӯёни Гана, Руанда, Сераа-Леоне, Малайзия, Туркманистон ва Тоҷикистон ҳузур доштаанд.

Бино ба маълумоти ВАО, пас аз ин сӯхтор 43 нафар ба табибон муроҷиат намуда, 35 нафари онҳо дар бемористон бистарӣ ва ба 8 осебдида дар ҷойи ҳодиса кумаки тиббӣ расонида шудааст.

Гуфта мешавад, сӯхтор дар хобгоҳи Донишгоҳи тиббии Русия ба номи Пирогов, воқеъ дар кӯчаи академик Волгин рух дода, майдони умумуиии он 15 метри мураббаъро ташкил додааст. Аз хадамоти матбуоти департаменти тандурустии шаҳри Маскав хабар додаанд, ки аксари шаҳрвандони хориҷии аз сӯхтор осебдида дар ҳолати вазнин қарор доранд.