Бар асари садамаи нақлиёт, ки дар километри 19-уми роҳи мошингарди ҳалқавии Маскав шаби 20 апрел рух дод, ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Роҳбари маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Абдулло Қодирӣ дар ин бора иттилоъ дода, маълумоти аз ҷониби як қатор ВАО интишоршуда оид ба ҳалокати 4 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро дар садамаи мазкур рад кард.

Ба гуфтаи Қодирӣ, ҷасадҳои дар ин садама ҳалокшудаи шаҳрвандони Тоҷикистон - зодаи ноҳияи Ванҷ Самад Додови 34-сола ва зодаи ноҳияи Файзобод Ҷумъахон Шоеви 45-сола бо мусоидати мақомоти дахлдори Тоҷикистон аллакай ба ватан фиристода шудаанд.