Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 4 июл дар Душанбе як ҳодисаи фоҷеабор рух дода, зани 30-сола, зодаи Ёвон, муваққатан сокини пойтахт ҳамроҳи се фарзанди кӯчакаш худро ба канали Ҳисор партофтааст.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Орфи Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зан ҳамроҳ бо се фарзандаш - Оминаи 5-сола, Маҳинаи 6-сола ва Зиёвуддини 7-сола худро ба об афкандааст.

Сокинони маҳаллӣ наҷотдиҳандагонро ба ҷойи ҳодиса даъват карда, ба онҳо муяссар шудааст, ки танҳо занро наҷот диҳанд. Се кӯдак ҳалок шудаанд.

Модари кӯдакони ҳалокшуда дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шудааст. Ба гуфтаи табибон, баъди аз шавҳар ҷудо шудан ва зани дигар гирифтани ҳамсараш, ин зан даст ба худкушӣ задааст.