Дар ноҳияи Хуросон бар асари ҳодиса нохуш 4 корманди корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳалок шуданд.

Дафтари матуботи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар шарҳи ин ҳодиса иттилоъ медиҳад, ки ин ҳодисаи нохуш рӯзи 20 июл рух додааст.

Гуфта мешавад, марди 39-сола,  ду марди 58-сола ва як  марди 48-сола, сокинони ноҳияи Хуросон, ҳангоми бурдани корҳои тозакунии чоҳи ахлотгузар (канализатсия), воқеъ дар манзили сокини ҳамин ноҳия аз бӯи газ (метан) дар дохили чоҳ беҳуш шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.