Шаби рӯзи 7 август дар километри 319-уми роҳи мошингарди Душанбе - Кӯлоб-Дарвоз ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра» Мамадамонулло Ҷумъаеви 34-сола, сокини деҳаи Ширғи ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина аз бадандии 12 метр ба дарёи Панҷ сарозер рафтааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа худи ронанда ва мусофиронаш: Воҳидова Оиниссо соли таваллудаш 1984, Ҷумъаева Ҳабиба соли таваллудаш 1976, Сурхова Раҳима соли таваллудаш 1982, сокинони шаҳри Душанбе, Шокирова Садбарг соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Шаҳринав, Мансури Адабҷон соли таваллудаш 2011, Наргисаи Умар соли таваллудаш 2012, Фотимаи Диловар соли таваллудаш 2014 ва Умедаи Диловар соли таваллудаш 2009, сокинони шаҳри Душанбе дар дарёи мазкур ғарқ шудаанд.

Гуфта мешавад, рӯзи 8 август ронандаи автомашинаи тамғаи “Долонг”, марди 30-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар ин рӯз ҳамчунин ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Деҳотӣ ба самти кучаи Абайи пойтахт, дар ҳудуди кӯчаи Борбад аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард марди 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.