Дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд боз як ҳодисаи сӯиқасд ба худкушӣ аз ҷониби корманди милитсия пешгирӣ карда шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, санаи 23-юми октябри соли равон, тахминан соати 10:40-дақиқа, ҷавонзани 38-солаНурматова Зарина, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ёва, бо мақсади худкушӣ худро дар рӯ ба рӯи бинои шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир партофтааст.

Бо воқиф шудан аз ҳолати мазкур сержанти хурди милитсия Раҳматов Фирӯз Исмоилович милитсионери ротаи хадамоти посбонӣ-пайраҳадории милитсияи ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, ки дар басти навбатдорӣ қарор дошт, аз худ ҳушёриву ҷасорат нишон дода Заринаи қасди худкушӣ доштаро, наҷот медиҳад. Сардии оби дарё низ монеъи ҷасорати Фируз Раҳматов нашуд. Амали саривақтии ӯ боис шуд, ки дар лаҳзаҳои барои ҳаёту саломати ҳалкунанда ҳаёти як инсон ҳифз карда шавад.

Сержанти хурди милитсия Фируз Раҳматов 23 сол дошта баъди адои хизмати ҳарби фаъолияти кориашро аз моҳи марти соли 2015 дар ШВКД дар шаҳри Хуҷанд шурӯъ намудааст. Давоми соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ин сеюмин ҳодисаи сӯиқасд ба худкушӣ мебошад, ки аз тарафи кормандони милитсия пешгирӣ карда мешавад.