Руҳулло Ҳакимзода, собиқ роҳбари бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” имрӯз, 11-уми май аз бемории “илтиҳоби шуш” дар шаҳри Бохтар вафот кардааст.
Хабари марги Руҳулло Ҳакимовро сардухтури Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар Алихон Нурализода ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.
“Айни замон ҷасади марҳум аз беморхона бо риояии тамоми талаботи эпидимологӣ бароварда, ба хонаи охират фиристода мешавад”, - гуфт дар як суҳбати телефонӣ Алихон Нурализода.
Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки дирӯз соати тахминан 11-и рӯз писари 25-солаи Руҳулло Ҳакимзода низ дар ҳамин беморхона ва аз ҳамин беморӣ фавтидааст.
Ба гуфтаи сардухтур, айни замон дар шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи мазкур 11 нафар бистариянд, ки вазъи саломатии онҳо вазнини миёна арзёбӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъи дигар ба мо хабар дод, ки шабонарӯзи охир дар беморхонаи мазкур 3 нафар аз ин беморӣ вафот кардаанд.
Руҳулло Ҳакимзода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таваллуд шуда, солҳои зиёд дар соҳаи молия то вазифаи сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон кор кардааст. Ҳамчунин соли 2008 муовини раиси вилоят, соли 2010 раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (ҳозира Балхӣ), соли 2012 то 2013 муовини вазири молия, солҳои 2013-2014 директори Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, соли 2014 муовини раиси БДА “Амонатбонк” ва аз соли 2015 то 2019 дар вазифаи раиси БДА “Амонатбонк” фаъолият кардааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то соати 17:30 дақиқаи 11-уми май дар мамлакат 661 ҳолати сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 21 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.
“Беизтироб хонда намешавад”. Рӯнамоии китоби нави Гулсифат Шаҳидӣ дар Душанбе
Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигори тоҷикро дар зодгоҳаш ба хок супориданд
Дар “мардикорбозор”-и Душанбе чӣ мегӯянду чӣ гуна корҳо пайдо мекунанд?
Рамазон Раҳимзода бо Якоб Схермерс истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро баррасӣ кардааст
Чупик: "Аз пайи тоҷикон шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистонро ҳам ба Русия роҳ намедиҳанд"
Пуштибони Муъмину Лоиқу Бозор. Мирзо Турсунзода ва нақши ӯ дар адабиёт ва тарбияи истеъдодҳо
Аз қитъаи замин то шаҳодатномаи ронандагӣ. Чаро ваъдаҳои мақомот ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ дилгарм намекунад?
“Шоҳ” ва ситораҳои тобони ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омаданд. Онҳо дар "Dushanbe Grand Slam 2024” иштирок мекунанд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд
БИР ва фондҳои рушди араб барои маблағгузорӣ ба неругоҳи “Роғун” 550 млн доллар ҷудо мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста