Дирӯз, 28 уми май кӯдаки 4-сола аз деҳаи Навид, ҷамоати деҳоти Навиди ноҳияи Рашт аз беэҳтиётии волидайнаш ба дарёчаи ин русто афтода, ғарқ шудааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дастаи махсуси наҷотдиҳандагони КҲФ дар ноҳияи Рашт ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ҳамроҳи аҳолии деҳоти мазкур корҳои кофтуковиро ба роҳ монда, соати 16:20 дақиқа ҷасади ноболиғро ёфтанд ва ба волидонаш супурдаанд.
Инчунин худи ҳамон рӯз, 28-уми май сокини 25-солаи шаҳри Истаравшан, ки дар оби обанбори Каттасой шиноварӣ мекард, баногоҳ ғарқ шуд.
Дастаи махсуси наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Хуҷанд ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ҷасадро пайдо карданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Ҳамзамон, шаби 27-уми май, тахминан соати 22:00 сокини 11-солаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ аз хона баромада, бедарак мешавад. Волидонаш ҳадс мезаданд, ки ӯ дар дарёи Сурхоб ғарқ шудааст.
Ба ҷои ҳодиса гурӯҳи наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Кулоб дар ҳайати 12 нафар ҳамроҳ бо кормандони ШВКД-и ноҳия ва сокинони деҳа сафарбар шуда, ҷустуҷӯи ноболиғро оғоз карданд. Вале ин кофтуков дирӯз натиҷа надода, ҳоло кофтуков идома дорад.
Инчунин боз дар як ҳодисаи рӯзи гузашта дар ҷамоати деҳоти Айнӣ духтари 16-сола ба қасди худкушӣ худро дар дарёи Зарафшон ғарқ кардааст.
Ба иттилои Кумита, кормандони шуъбаи КҲФ дар водии Зарафшон ҳоло ҷасади духтарро пайдо накарда, корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нақшаи даъвати ҳарбӣ 70% иҷро шуд. “Облава” аз байн рафт?
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста