Шаби 15 ба 16-уми моҳи апрел дар маркази шаҳри Ваҳдат, дар як бинои баландошёна сӯхтор сар зада, 450 метри мураббаъро фаро гирифтааст, хабар доданд аз хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ ба «Азия-Плюс».

“Тибқи маълумоти пешакӣ, сӯхтор бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ дар яке аз манзилҳои истиқоматӣ рух дода, аз онҷо оташ ба манзилҳои ҳамсоя мегузарад”, - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, хабар ба хадамоти оташнишонӣ дар бораи сар задани сӯхтор соати 00:50 расидааст. 12 мошини оташнишонӣ фавран ба ҷои ҳодиса фиристода шуд. Сӯхтор сари вақт хомӯш карда шуда, касе осеб надидааст.

Манбаъ мегӯяд, азбаски сӯхтор шабона сар зад, сокинон натавонистаанд фавран дар бораи сӯхтор хабар диҳанд, то ки ба ҳадди имкон паҳншавии сӯхтор пешгирӣ карда шавад. Ҳоло гурӯҳи корӣ ҳаҷми зарарро муайян мекунад.

Дар ҳамин ҳол Хусрав Абдуллозода, директори муассисаи давлатии “Сохтмони асосӣ”-и шаҳри Ваҳдат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки сӯхтор манзили шаш сокини биноро фаро гирифта вайрон кард.

Дар наворе, ки яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст, дида мешавад, ки оташ дар яке аз манзилҳои ошёнаи шашум аланга гирифта, ба хонаҳои ҳамсояҳо паҳн шудааст.

Дар натиҷаи сӯхтор манзилҳои ошёнаи охирин, шашум комилан хароб шуда, манзилҳои ошёнаи панҷум аз дуд ва фишори баланди об ҳангоми сӯхтор осеб диданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.