Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Консулгарии генералии кишвар дар Новосибирск қазияи латукӯби донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи техникии шаҳри Комсомолски лаби Амурро аз сӯи аз нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск пайгирӣ доранд.

Дар ин бора ба дархости хатии “Азия-Плюс” намояндагии дипломатии Тоҷикистон кутоҳ посух дод.

Ин ниҳоди дипломатӣ гуфт, вазъро назорат доранд ва дар сурати дарёфти маълумоти бештар ба мо хабар хоҳанд дод.

Бояд гуфт, ки “Азия-Плюс” давоми ду рӯзи охир кӯшиш дорад, дар робита ба ин мавзӯъ аз сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ пайдо кунад. Вале сафорат ба зангҳои телефонӣ ва паёмҳои мо посух намедиҳад. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки ба онҳо дархости хаттӣ фиристода шавад, ки ба он посухи кутоҳи мазкур дарёфт гардид.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 23 майи соли равон дар бораи зери латукӯб қарор гирифтани беш аз 100 донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои амниятии минтақаи Хабаровск расонӣ шуд.

Ҳодиса субҳи барвақти рӯзи 19 май рух додааст ва он замон афсарони ба истилоҳ “ОМОН” ва “ФСБ” қабл аз оғози дарс ба хобгоҳ даромада, баъди куштани камераҳои назоратӣ донишҷӯёнро бидуни далел латукӯб кардаанд. Як шоҳиди ҳодиса гуфтааст, ки “низомиёни ниқобпӯш бо таппонча ва “электрошокер” мусаллаҳ буда дар даст дастпӯшакҳои “кастетмонанд" доштаанд”, хабар медиҳад Телеграм-канали “Komsagram”.

“Агар касе, ки мепурсид, чаро онҳоро латукӯб мекунанд, мушти иловагӣ мехурд. Дар ин хобгоҳ донишҷӯёни миллатҳои дигар низ буданд, аммо танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди латукӯб қарор гирифтанд. Баъд ҳамаро дар долони хобгоҳ қатор карда, ба тафтиши ҳуҷҷатҳо шурӯъ карданд”, - афзудааст манбаъ.

Зимнан, донишҷӯён ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия низ муроҷиат кардаанд, ки дар ҷавоб онҳо "ваъда доданд, ки рӯзи душанбе бо онҳо тамос хоҳанд гирифт, аммо занг назадаанд".

Рӯзи 20-уми май донишҷӯён ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия занг зада, кумак хостаанд.

“Вақте телефонҳои рӯзи ҷумъа мусодирашударо рӯзи шанбе ба мо баргардониданд, дарҳол ба сафорат занг задем. Аммо онҳо ба мо гуфтанд, ки имрӯз шанбе, рӯзи ғайрикорӣ аст ва рӯзи душанбе бо мо тамос хоҳанд гирифт. Аммо то ҳол касе ба мо тамос нагирифтааст”,-“Komsagram” аз донишҷӯ иқтибос овардааст.

Ба гуфтаи ӯ, аз телефону ҳуҷҷатҳои донишҷӯён мусодира кардаанд. Шаш донишҷӯ аз Тоҷикистон мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, дере нагузашта раҳо шудаанд. Дар ҷараёни ин “рейд” 15 нафар захм бардоштаанд, ки ба гуфтаи манбаъ, бархе аз онҳо ба ҷарроҳӣ ниёз доранд.

Маъмурияти донишгоҳ "даргирии донишҷӯёни Тоҷикистон ва маъмурони интизомӣ”-ро ба Радиои Озодӣ таъйид кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ректори донишгоҳ Эдуард Дмитриев латукӯби дастҷамъии донишҷӯёнро рад карда, гуфтааст, ки маъмурони хадамоти муҳоҷират дар донишгоҳ санҷиш гузарондаанд.

"Ҳангоми тафтиш чор донишҷӯ аз Тоҷикистон ба пулис халал расонданд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ин ҳолат пешгирӣ карданд", - гуфтааст Дмитриев.

Маъмурияти донишгоҳ рӯзи 23 май дар мулоқот бо донишҷӯён гуфтаанд, амалиёти низомиён дар хобгоҳ эҳтимол ба боздошти як муҳассили тоҷик бо иттиҳоми маблағгузории терроризм рабт дорад. Ин расман тасдиқ нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.