Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз селҳо ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар ду рӯзи оянда ҳушдор медиҳад.

Бино ба иттилои Кумита бо истинод ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои 21-22 июни соли равон дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад,  дар ҳавзаи дарёи Панҷ бошад, болоравии сатҳи об дар назар дошта шудааст.

“Аз аҳолӣ хоҳиш мешавад, ки ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидориву шикор эҳтиёт кунанд”, - омадааст дар хабар.

Ба сокинони навоҳии кӯҳистониву доманакӯҳҳо тавсия дода мешавад, ки ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиҳои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сар вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.