Шаби 27 ба 28-уми феврали соли равон 6 узви як хонавода бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ё оксиди карбон дар Душанбе ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ доданд, фоҷеа дар хонаи як сокини ноҳияи Фирдавсӣ (маҳаллаи Гравзавод, бинои 284/1)-и шаҳри Душанбе рух додааст.

Ба иттилои манбаъ 6 узви як оила- падар, модар ва 4 фарзанди онҳо будаанд.

“Падари фавтидаи ин хонавода 38-сола, модар 37-сола ва кӯдакони 11, 9, 8 ва 6-сола буданд”, - хабар медиҳад КҲФ

Банобар иттилоъи бахши КҲФ дар ноҳияи Фирдавсӣ, ин хонавода бо истифода аз ангишт хонаашонро бо бухорӣ гарм мекарданд.

Ин оила шаб заҳролуд шудаанд ва онҳоро рӯзи 28-уми феврал ҳамсояҳо пайдо карда, ба мақомоти дахлдор хабар додаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз маросими ҷаноза чарх мезанад. Гуфта мешавад, ки ин ҷанозаи 6 узви оила аст, ки шаби 27-28-уми феврал аз дуди ангишт ба ҳалокат расиданд. Қурбониёни ин ҳодиса дирӯз, 28-уми феврал ба хок супорида шуданд.

Ҳамасола бо фарорасии мавсими сармо сокинони деҳоти Тоҷикистон хонаҳои худро бо ангишт гарм мекунанд. Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифода аз ин сӯзишворӣ ва роҳҳои нодурусти истифодаи ангишт бисёр вақт бо фоҷеа меанҷомад. Ин аввалин ҳодисаи фавт аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар соли равон аст.

Чӣ тавр худро аз заҳролудшавӣ муҳофизат кардан мумкин аст?

КҲФ тавсия медиҳад, ки дар ҳолати заҳролуд шудан аз дуди ангишт дар аввал сарчашмаи дудро хомӯш кардан лозим аст. Сипас тирезаҳоро кушода, мошини Ёрии таъҷилиро даъват кардан зарур мебошад.

- бухориҳоро бо бензин, керосин ва дигар моеъҳои зуд оташгиранда наафрӯзед. Истифодаи онҳо метавонад боиси эҷоди дуд ва паҳншавии шӯъла гардад;

- ҳаргиз ҳезум ва дигар маводҳои оташгирандаро барои хушк кардан болои бухориҳо нагузоред. Либосҳои тарро дар либосовезҳо хушк кунед;

- ҳаргиз дар бухорӣ дар ҳоли кушода будани дари он оташ гирон накунед. Бухориҳоро ҳангоми гарм кардани хона беназорат нагузоред;

- ҳамеша дудбарои бухориҳои худро санҷед, онҳоро аз ҳар гуна дудаву дигар олудагиҳо тоза намоед, то боиси заҳролуд шудан аз гази карбон нашаванд.

Акси марбута
Аз сомонаи rnovosti.info

Ёрии аввалин барои заҳролудшавӣ:

- Ҷабрдидаро ба ҳавои тоза бароред.

- Бартараф кардани ҷараёни оксиди карбон. Ҳавои ҳуҷраро тоза кунед, дару тирезаҳоро кушоед ва ҳуҷраро тарк кунед.

- Ҷабрдидаро ба ҳавои тоза бароред ва нафаскашии кӯтоҳмуддатро таъмин кунед, баданро молед.

- Мошини Ёрии таъҷилиро даъват кунед

- Агар ҷабрдида беҳуш бошад, нафаскашии сунъиро фавран то омадани ёрии таъҷилӣ оғоз кардан лозим аст.

- Агар шумо ба заҳролудшавӣ аз оксиди карбон гумон кунед, ба духтури таъҷилӣ хабар диҳед. Агар ҷабрдида аз гази карбон ба худ омада, вале муддати тӯлонӣ беҳуш бошад, бояд фавран ба муассисаи тиббӣ интиқол дода, табобат карда шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.