Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби пешакии сар задани сӯхторро дар Душанбе, ки бар асари он 3 нафар кӯдакон ҳалок шуданд, шарҳ дод.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, сӯхтор нимаи рӯзи 2 март дар кӯчаи Хайрулло Мирзо хонаи 41, ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рух додааст.
“Мутаассифона, бар асари сӯхтор се кӯдаки оилаи Узоқовҳо - Абдурасули 4-сола, Зуҳрои 3-сола ва Зайнаби 1-сола ҳалок шуданд. Сабаби ҳодиса тибқи азназаргузаронии пешакии ҷои ҳодиса - бе назорат гузоштани таҷҳизоти барқии гармидиҳанда (радиатор) мебошад”, - менависад ВКД.
Дар ҳамин ҳол, дар бораи дар куҷо қарор доштани волидон дар вақти сӯхтор хабар дода намешавад.
Гуфта мешавад, дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи корӣ фаъолият дошта, зарари расида муайян карда мешавад.
Ҳамчунин ба иттилои ВКД, шаби 3 март дар маркази савдои “Ҳамдилон” дар кӯчаи Раҷабалӣ Раҷабови ноияи Ёвон низ сӯхтор ба амал омадааст.
Соати 23:36 дақиқаи шаб сӯхтор пурра хомӯш карда шуда, майдони сӯхтор 420 метри мураббаъро ташкил дод.
Талафоти ҷонӣ нест. Зиёни аз сӯхтор расида муайян карда мешавад.
Тибқи маълумоти ВКД, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1236 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 23 нафар ҳалок шуданд. Ҳаҷми умумии зиёни расида аз ин сӯхторҳо 47 млн сомониро ташкил дод.
Ёдрас мекунем, ки шаби 28 феврал дар Душанбе аз дуди ангишт як оилаи иборат аз 6 нафар ҳалок шуданд.
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста