Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Раиси филиали «Ориёнбонк» дар ноҳияи Мӯъминобод Сафармад Рустамов ба авбошӣ гумонбар дониста мешавад.

Дар робита ба ин қазия зимни нишасти матбуотӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода изҳор дошт, ки қаблан ӯ тибқи моддаи 104-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) гумонбар дониста мешуд, лекин гумонбарӣ тибқи ин модда баъдтар бекор гардида, феълан ӯ ба авбошӣ гумонбар дониста мешавад. Аз пешниҳоди ҷузъиёти дигари ин ҳодиса прокурори генералӣ худдорӣ варзид. Ӯ ҳамчунин тасдиқ намуд, ки Рустамов дар маҳбаси Душанбе қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзноманигорон аз бедарак шудани Сафармад Рустамов аз бародараш Нурулло огаҳӣ ёфтанд. Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» бародари Сафармад Рустамов изҳор дошт, ки Сафармад рӯзи 1-уми июл пас аз мустакилона ба раёсати КДАМ рафтанаш бедарак шудааст. Ӯ дар он ҷо мехост овозаҳои гӯё сарпарасти мухлисони дастаи футболи «Равшан» буданаш ва маблағгузорӣ кардани сафарҳои онҳоро шарҳ диҳад. «Бародарам мехост худаш ин овозаҳоро шарҳ бидиҳад ва ҳамроҳи ҷиянаш ба раёсати КДАМ рафт, вале пас аз ним соат ҷиянашро ба хона фиристода, дигар барнагашт. Телефонаш ҳам хомӯш буд», - гуфт ӯ.

Бародари Сафармад Рустамов мегӯяд, баъди гузашти чанд рӯз онҳо огаҳӣ пайдо кардаанд, ки ӯро ба Душанбе бурдаанду ӯ ҳанӯз ҳам он ҷо қарор дорад. «То имрӯз мо якчанд маротиба кӯшиш кардем, ки бо ӯ вохӯрем, вале то ҳанӯз ин кӯшишҳоямон ҳеҷ натиҷае надоданд», - афзуд номбурда.