Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба директори генералии ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр Ҷӯрабек Охунов ба иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори ниҳоят зиёд ҷиҳатии баррасӣ ба Додгоҳи олӣ ирсол шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Додситонии кулли ҷумҳурӣ хабар доданд.

Мурофиаи додгоҳӣ таҳти раёсати додраси Додгоҳи олӣ Шавкат Абдулхайров доир мегардад. Тафтишоти парванда аз моҳи ноябри соли 210 то инҷониб идома дошт.

Ёдрас мекунем, ки санҷиши фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» ошкор сохт, ки барои сохтмони тамоми иншоот ширкат 135 млн. сомонӣ хароҷот кардааст, ки 108 млн. сомонии онро маблағи саҳҳомон, қарзҳои бонкӣ ва ҳамчунин воситаҳои тендерӣ барои сохтмони иншооти бахши иҷтимоӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.

Маблағи боқимондаи 27 млн сомонӣ воситаҳои шахсии Ҷурабек Охунов мебошанд, ки ба тиҷорати сохтмонии шахсиаш маблағгузорӣ шудаанд. Саҳмҳои хусусии аҳолӣ ба 62 млн. сомонӣ баробаранд.

Дар ҳамин ҳол, шумори умумии саҳҳомони ширкат 700 нафарро ташкил медиҳад, ки 250 нафарашон аллакай ё соҳиби хона шудаанду ё дар даст ҳуҷҷати гирифтани манзилро доранд ва 450 нафари дигар манзилҳои худро дар биноҳои сохтмонаш нотамом интизоранд.

Мутобиқи хулосаи санҷиш, «маблағҳои гирифта аз саҳҳомон, муассисаҳои бонкӣ ва ғайра мувофиқи таъинот истифода гардида, далелҳои дуздии воситаҳои барои сохтмон ҷудошуда ошкор нагардидааст».

Ширкати «Мовароуннаҳр шурӯъ аз соли 2005 ба сохтмони ипотекӣ машғул аст, аммо бо қисман ё пурра гирифтани маблағи манзил на ба ҳама манзили ваъдашударо додааст.