Дар зарфи 9 моҳи соли равон аз ҷониби комиссияи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади санҷиши риояи талаботи Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва танзими фаъолияти нуқтаҳои нусхабардорӣ ва паҳнкунии маводи аудиовизуалӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор рейдҳои назоратӣ - санҷишӣ гузаронида шуданд.

 Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар натиҷаи рейдҳо зиёда аз 2000 фиттаю дискҳои манъшуда мусодира гардиданд, ки қариб 50 фисади онҳоро фитаҳои мазмуни динӣ дошта ташкил медиҳанд.

Ба иттилои мнбаъ, ҳамчунин мутобиқи қарори комиссия зиёда аз 600 китобҳои мазмуну мӯҳтавои динӣ дошта, 3 маҷалла, 109 адад фитта аз ташхис гузаронида, 37 китоб бо назардошти баъзе фикру андешаҳо, паст будани сифати чоп аз фурӯш боздошта шуд.

 

Акс аз ufatut.ru