Дар шимоли кишвар баррасии парвандаи ҷиноятии собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом Солиҷон Чӯлпонов бо иттиҳоми фурӯши замин ҷараён дорад. Судяи суди вилояти Суғд Содиқ Ваҳҳобов раисикунандаи ин мурофиа мебошад.

Чӣ тавре ки айбдоркунандаи давлатӣ, прокурори шаҳри Конибодом Аваз Назаров дар ҷараёни мурофиаи судӣ маълумот дод, Солиҷон Чӯлпонов зимни фаъолияташ ба ҳайси сардори бригадаи 16-и ҶСШК ба номи Энаҷон Бойматова қувваи корӣ ва техникаи барои ҳамвор кардани замин ҷалбшударо бидуни шартнома кор фармуда, аз маблағи ҳамчун музди меҳнат пардохтшуда андози иҷтимоӣ ва дигар пардохтҳоро насупоридааст.

Ҳамзамон прокурор Солиҷон Чӯлпоновро бо моддаҳои 247, қ.4 (Қаллобӣ), 286, қ.3 (Додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ), 293 (Саркашии шахси воқеъӣ аз пардохти андоз) ва 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ) -и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор намуда, ба ҳайси ҷазо 16 соли маҳрумият аз озодиро талаб кардааст.

Аммо тарафи ҳимоя Чӯлпоновро тибқи ин моддаҳои Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳгор намедонад.