Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ду халабони ҳавопаймоҳо – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденко аз суд дархост кард, ки айби судшавандаҳо дар риоя накардани қоидаҳои парвозҳои байнулмилалӣ, қочоқ ва убури ғайриқонунии марзи давлатии ҶТ эътироф гардида, онҳо ба мудатти 13 соли зиндон маҳкум карда шаванд.

Прокурор Файзулло Холов изҳор кард, ки айби ҳар ду халабон дар ҷараёни мурофиаи судӣ исбот гардидааст. Айбдоркунандаи давлатӣ ҳамчунин аз суд дархост кард, ки ҳар ду ҳавопаймо ва муҳаррики дар дохили яке аз онҳо мавҷудбуда ба фоидаи давлат мусодира гардад.

Аммо адвокати судшавандаҳо Ғулом Бобоев зикр кард, ки дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ айби зерҳимояҳои ӯ бо ягон модда исбот карда нашудааст.

«Нисбат ба зерҳимоягони ман мутобиқи моддаҳои 218 (Вайрон кардани қоидаҳои парвози байналминалӣ), 289 (Қочоқ) ва 335 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз  сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод гардида буд. Аз рӯйи моддаи 218 ман баъдтар андешаи худро иброз медорам, аммо аз рӯйи моддаҳои 289 ва 335 аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ ҳеҷ заминаи исботи гуноҳ ҷамъоварӣ нашудааст. Ҳамчунин таваҷҷӯҳи судро мехоҳам ба он равона созам, ки тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбат ба зерҳимоягони ман бо тамоили айбдорӣ ва бидуни риояи талаботи моддаи 21 КМҶ якҷониба баргузор шуд. Аз ин рӯ, аз суд дархост мекунам, ки бегуноҳии зерҳимоягони маро эътироф сохта, онҳоро аз толори суд озод намояд», - гуфт адвокат.

Ҳамчунин дар сухани охирини худ В. Садовничий низ иброз дошт, ки намояндагони мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистон дар амалҳои онҳо ҳеҷ чизи ғайриқонуниеро ошкор насохтаанд ва шоҳидон низ ягон моддаи Кодекси ҳавопаймоиро, ки онҳо риоя накарда бошанд, номбар накарданд.

«Ба муҳаррике, ки дар дохили ҳавопаймо буд, ширкати молики ҳавопаймоҳо ҷавобгӯ аст. Ба ҷуз ҳолатҳое, ки агар дар дохили ҳавопаймо воситаҳои манъшуда – маводи нашъаовар, аслиҳа ё дастгоҳи тарканда ошкор нашуда бошад, дар дигар ҳолат ба асбобу ашёи дохили ҳавопаймо халабонони он масъулият надоранд. Аз ин рӯ, аз суд дархост мекунам, ки бегуноҳии моро эътироф карда аз толори суд озод намоед», - афзуд ӯ.

Раисикунандаи мурофиа судя Темур Бобоев ба муддати як ҳафта танаффус эълон карда, изҳор кард, ки дар мурофиаи судии оянда ба судшавандаи дуюм сухани охирин дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки мурофиаи судӣ нисбат ба ду халабони ширкати ҳавопаймоии «Ролкан Инвестментс ЛТД», ки дар минтақаи оффшории ҷазираҳои Вирҷиния сабт шудааст, рӯзи 12-уми октябри соли равон оғоз гардида буд. Бино ба маълумоти тафтишоти пешакӣ, 12-уми марти соли равон пас аз анҷоми қарордод дар қаламрави Афғонистон бо супориши мақомоти раҳбарии ширкат онҳо аз фурудгоҳи Кобул ба самти фурудгоҳи Қӯрғонтеппа парвоз мекунанд. Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, «халабонони ҳавопаймоҳо иҷозати убури сарҳади давлатиро надоштанд ва ҳангоме ки ба онҳо барои фуруд омадан ба фурудгоҳи Қӯрғонтеппа посухи рад дода шуд, халабонон бо роҳи фиреб фурудоии маҷбуриро дархост карданд». Маҳз ҳамин сабаби боз кардани парвандаи ҷиноӣ шуд.