Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар натиҷаи баргузории як амалиёти вижа аз ҳодисаи интиқоли миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддири афғонӣ аз қаламрави Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва сипас ба Қазоқистону Русия ҷилавгирӣ намуданд. Ба  фаъолияти гурӯҳи фаромиллии ҷиноятпешаи машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хотима бахшида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ Нозирҷон Бӯриев хабар дод, дар ҷараёни амалиёт дар рустои Коммунаи ҷамоати Первомайи ноҳияи Турсунзода, ки бо Ӯзбекистон ҳаммарз аст, дар манзили зисти яке аз сокинони он пинҳонгоҳе дарёфт гардид, ки дар он 233 кило маводи мухаддири афюни тайёр барои интиқол ба Ӯзбекистон мавҷуд буд.

«Ба гумони даст доштан дар ин амал чор нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ва ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд», - гуфт ӯ.

Н. Бӯриев афзуд, нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.