Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия шаҳрванди Тоҷикистон Зубайдулло Шоеви 33-соларо, ки тайи даҳ соли ахир таҳти пайгарди қонунии байнулмилалӣ қарор доштд, ба Тоҷикистон истирдод мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, Шоев ояндаи наздик ба Тоҷикистон фиристода мешавад.

Бино ба иттилои хабаргузориҳои Русия бо такя ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Шоев ба ҳайати гурӯҳи ҷиноятпешаи Абдулвосит Латифов (Қорӣ Восит) шомил буд. Гурӯҳи мазкур дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои вазнин дар қаламрави Тоҷикистон – куштори хизматчиёни ҳарбии рус, дуздидани муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, қатли вазири саноати ҷумҳурӣ ва чор нафар кормандони шӯъбаи ҷустуҷӯи ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат даст дорад.

Соли 2010 ба кормандони Раёсати федералии хадамоти амнияти минтақаи Урали Ҷанубии Русия муяссар шуд, ки аъзои ин гурӯҳро боздошт кунанд.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, З.Шоев муддати зиёд дар минтақаи мазкур дар сохтмон ба кор машғул будааст. «Баъди боздошти роҳбари гурӯҳ Абдулвосит Латифов ва ҳаммаслакони ӯ Юсуф Ҷалилов ва Боймурод Хоҷаев дар соли 2010 дар минтақаи Урали Ҷанубӣ, муяссар гардид, ки дар бораи Шоев низ маълумот ба даст оварем. Абдулвосит Латифов ва ҳаммаслакони ӯ Юсуф Ҷалилов ва Боймурод Хоҷаев низ ба Тоҷикистон истирдод шуда, айни замон мӯҳлати ҷазоро адо мекунанд», - хабар медиҳад URA.RU.

Моҳи августи соли равон Додгоҳи олии Тоҷикистон Боймурод Хоҷаевро дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили бандитизм, ғоратгарӣ ва гаравгонгирӣ гунаҳкор дониста, ӯро ба мӯҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Хоҷаеви 36-сола моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри Челябински Русия бо дархости Тоҷикистон боздошт шуд. Дар ин шаҳр ӯ соҳиби шиносномаи шаҳрванди Русия шуда, ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул буд. Баъдтар ӯ ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Тибқи баъзе маълумот, боздоштшуда қаблан дар лагерҳои террористии Эрону Афғонистон тамрини ҳарбӣ гирифтааст.

Созмондеҳи гурӯҳи ҷиноятпеша бошад, ахири соли гузашта дар Русия боздошт гардид. Алҳол дар бораи истирдоди ӯ маълумот дода намешавад.