Рӯҳонии маъруфи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз болои муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ба додгоҳ шикоят бурд, ки расман дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт қабул гардид.

«Ман Саидмукаррам Абдуқодирзодаро дар сохтакории қарори Шӯрои уламо нисбат ба аз ҷониби оилаи мо гӯё баргузор кардани маросими «Ошӯро» гунаҳкор меҳисобам», - мегӯяд Тӯраҷонзода. Ӯ таъкид месозад, ки изҳороти аз ҷониби Шӯрои уламо интишоргардида бо аъзои он мувофиқа нагардида ва аз ҷониби онҳо дастгирӣ наёфтааст.

«Ман ҳамчунин ӯро дар тӯҳмат бобати гунаҳкор кардани оилаи мо дар барангехтани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ва таҳаммулнопазирии динӣ гунаҳкор мешуморам», - илова намуд Тӯраҷонзода.

Ба гуфтаи Тӯраҷонзода, ӯ ба Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ва прокуратураи шаҳри Ваҳдат низ аз болои Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Кумита оид ба умури дини назди ҳукумати кишвар Абдураҳим Холиқов ва раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин аризаи даъвогӣ пешниҳод кардааст. Шикоят дар асоси моддаи 157-и Кодекси ҷиноии ҶТ, ки барои эҷоди монеа дар баргузории маросими динӣ таъини ҷазоро пешбинӣ мекунад, пешниҳод гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 6-уми декабри соли равон Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон изҳороте пахш карда, аз мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дархост намуд, ки ба ин амали Тўраҷонзодаҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, баҳри пешгирӣ намудани чунин амалҳои бегонапарастӣ чораҳои қатъӣ андешанд.

Дар изҳорот аз ҷумла зикр гардида буд, ки бо назардошти он, ки мардуми шарифи Тоҷикистон пайрави мазҳаби ҳанафӣ буда, таърихан на дар Бухорову Самарқанд, на дар Хатлону Хуҷанд ва на Ҳироту Ҳисори бостон, ки садҳо уламо ва донишмандони ҷаҳониро дидааст, дар ҳеҷ давру замон маросими Ошўроро мотам нагирифтаанд, аз ин хотир Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон амали Тўраҷонзодаҳоро дар мавриди мотамгирии Ошўро, ки дар таърихи 2 декабри соли 2011 дар масҷиди ҷомеи деҳаи Туркободи шаҳри Ваҳдат анҷом доданд, ба пуррагӣ мухолифи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ меҳисобад.

«Амали Тўраҷонзодаҳо, ки ба қолаб ё таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ворид намудани андешаҳои бегона ва ифротиро мемонад, метавонад дар оянда омили навбатии барангехтани фитна, иғво ва бадбинии мазҳабӣ гардад. Шўрои уламо чунин амали иғвогаронаи Тўраҷонзодаҳоро, ки ба хусумат ва бадбинии мазҳабӣ замина мегузорад, қатъиян маҳкум намуда, аз уламо, донишмандон, имомхатибон ва мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меорад, ки аз тарғиб ва паҳн намудани дидгоҳи Тўраҷонзодаҳо оиди ин маросим ва пайравӣ ба ақидаи онҳо, дар маҷлису маъракаҳо ва иттиҳодияҳои динӣ худдорӣ кунанд», - таъкид гардида буд дар изҳорот.

Ҳамчунин дар изҳорот аз уламо, донишмандон ва имомхатибон даъват ба амал оварда шуда буд, ки дар байни намозгузорон роҷеъ ба покизагии мазҳаби аҷдодӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд.

Ҳафтаи гузашта фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия», ки ҳамчун масҷиди оилаи Тӯраҷонзодаҳо маъруф аст, ба муддати се моҳ боздошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷозода хабар дода буд, Кумитаи умури дини назди ҳукумати кишвар рӯзи 9-уми декабр ба онҳо расман огоҳинома фиристодааст, ки дар ин масҷид маросими динии «Ошӯро»-и мазҳаби шиа гузаронида шудааст ва дар робита ба ин мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», фаъолияти масҷид боздошта мешавад.

Аз манфиатҳои оилаи Тӯраҷонзодаҳо раиси ҳайати мушовараи адвокатҳои ҷумҳурӣ Бузургмеҳр Ёров ҳимоят мекунад.