Бо қарори суди шаҳри Ваҳдат рӯҳониёни маъруф бародарон Тӯраҷонзодаҳо барои майдаавбошӣ ҷарима баста шуданд. Маблағи ҷарима барои ҳар кадоме 35- сомониро ташкил медиҳад.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода изҳор кард, ки ӯву бародараш аз болои қарори суд даъво карданӣ нестанд, зеро «мӯътақиданд, ки ин қарор таҳти фишори сохторҳои муайяни давлатӣ қабул карда шудааст».

Прокуратураи шаҳри Ваҳдат дар таърихи 22-юми декабр истеҳсолоти бозшуда дар бораи қонуншикании маъмурӣ барои майдаавбошӣ нисбат ба бародарон Тӯраҷонзодаҳоро ба суд дод.

Ба гуфтаи прокурори шаҳри Ваҳдат Қурбоналӣ Муҳаббатов, Ҳоҷӣ Акбар ва Нуриддин Тӯраҷонзода рӯзи 9-уми декабр дар масҷиди «Муҳаммадия» дар ҳузури ибодаткунандагони зиёде нисбат ба раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода ва дигар шахсони расмӣ носазогӯиро раво дидаанд, ки ба ин амали онҳо мутобиқи моддаи 460-и Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Майдаавбошӣ) масъулият пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ҳамон рӯз ҷиҳати шиносоии ибодаткунандагон бо изҳороти Шӯро уламо раиси Шӯро Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Кумитаи умури дин Абдураҳим Холиқов ва раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ба масҷиди Муҳаммадия омада буданд.Суханронии муфтиро ибодаткунандагон бо нидоҳои норозигӣ пешвоз гирифта, ба ӯ имкон надоданд, ки суханашро ба итмом расонад ва шахсони расмӣ маҷбур шуданд, ки масҷидро тарк созанд.

Рӯзи дигар дар асоси шикояти раиси Шӯрои уламо, раиси Кумитаи умури дин ва раиси шаҳри Ваҳдат ба мақомоти прокуратура нӯҳ нафар ибодаткунандагон ба муддати 10 рӯз ҳабси маъмурӣ шуда, боз чанд нафари дигар ҷаримабандӣ гардиданд.

Қобили зикр аст, ки ин мухолифат пас аз изҳороти Шӯрои уламо, ки дар он оилаи Тӯраҷонзодаҳо ба гузаронидани маросими мотами «Ошӯро»-и мазҳаби шиа гунаҳкор карда мешуданд, рӯйи кор омад.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода раиси Шӯрои уламоро ба таҳқиру туҳмат муттаҳам карда, аз болои ӯ ба суд шикоят бурд. Даъвои Тӯраҷонзода дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ қабул карда шуд.