Дар вилояти Суғд як гурӯҳи ашхоси мансуб ба созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯи «Ҷамоати Таблиғ» маҳкум шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олии ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде қабл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мурофиаи судии 7 нафар аъзои аз 28 то 46-солаи созмони динии ифротгарои «Ҷамоати Таблиғ» ба анҷом расид, ҳама сокинони маҳаллӣ буданд.

 «Ду нафари онҳо ба 5 сол ва боқимонда ба 7 соли зиндон маҳкум шуданд», - гуфт манбаъ.

Вакили мудофеи яке аз маҳкумшудагон изҳор кард, ки онҳо ба ҳукми суд розӣ набуда, аз болои он шикоят хоҳанд бурд.

Моҳи марти соли 2010 яке аз мурофиаҳои бузургтарин нисбат ба аъзои «Ҷамоати Таблиғ» доир гардид. Он замон парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 52 нафар аъзои ин созмон баррасӣ гардида, 23 нафари онҳо ба муҳлати аз 3 то 6 сол аз озодӣ маҳрум ва боқимонда дар ҳаҷми аз 1 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисоб ҷаримабандӣ шуда буданд.

Коршиносони соҳаи дину ҳуқуқшиносӣ бар ин назаранд, ки фаъолияти созмони «Ҷамоати Таблиғ» ифротгароёна ва зиддиконститутсионӣ буда, ҳадафи ҷонибдорони он дар «исломишавии ҷаҳон» ифода меёбад. Гуфта мешавад, фаъолони созмони «Ҷамаоти Таблиғ» асосан дар муассисаҳои днии Ҳиндустону Покистон ва Индонезия таҳсили илм намуда, фаъолияти худро миссионерӣ ном мебаранд.

Бо карори Суди олии ҶТ, аз моҳи марти соли 2006 фаъолияти созмони «Ҷамоати Таблиғ» дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда шуд.