Дар ҷараёни амалиёти кормандони милиса дар шаҳри Душанбе аъзои як гурӯҳи ҷиноятпеша, ки аз моҳи март мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, дастгир гардиданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар таърихи 17-майи соли ҷорӣ гумонбаршудагон ба узвияти ин гурӯҳ, сокинони шаҳри Ваҳдат Рӯзиқул Шоимқулови 44-сола ва Хуршедҷон Холмуродови 30-сола аз паноҳгоҳашон воқеъ дар кӯчаи А. Навоӣ-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  дастгир гардиданд.

«Боздоштшудагон дар ҳамлаи ғоратгарона ба шаҳрвандони Чин рӯзи 3-юми март  дар қаҳвахонаи «Обшорон»-и пойтахт, ки бар асари он 7 нафар ҷароҳати вазнин бардошта буданд, гумонбар дониста мешаванд», - гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят рӯзҳои 24 ва 25-уми марти соли равон 5 нафар аъзои ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша боздошт шуда буданд.

Дар Вазорати корҳои дохилӣ таъкид карданд, ки пешвои гурӯҳи ҷиноятпеша – сокини 42-солаи шаҳри Ваҳдат Худойназар Одинаев рӯзи 25-уми март дар автовокзали пойтахт зимни муқобилати мусаалаҳона аз ҷониби кормандони милиса кушта шуда буд.