Прокурори Хатлон соҳаи маорифи вилоятро мавриди интиқод қарор дод.

Дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввал прокурори вилоят Сироҷиддин Нуров зикр кард, ки дар соли хониши 2011-2012 551 нафар хонандагон аз таълим дур мондаанд, ки 40 4нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

«Дар ин самт дар вилоят 28 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба падару модароне, ки барои ба мактаб рафтани фарзандонашон монеа шуда буданд, боз шуд», - гуфт ӯ.

Нуров таъкид кард, ки соли равон дар вилоят аз ҷониби ноболиғон 42 ҷиноят содир шуда, қариб нисфи онро кӯдаконе, ки бо таълим фаро гирифта нашудаанд, содир намудаанд.

Прокурор ҳамчунин аз ҷой доштани далелҳои ғайриқонунӣ азхудкунии маблағҳои буҷетӣ дар бахши маориф ва ҳодисаҳои педофилизм миёни омӯзгорон низ изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ ҳамчунин хадамоти назорат оид ба ҳуқуқи ноболиғонро мавриди интиқод қарор дод.

Дар фарҷоми ҷаласа Нуров ба ҳамаи прокуророни шаҳру навоҳии вилоят супориш дод, ки мушкилоти зикршударо таҳти назорат қарор диҳанд.