Бо қарори суди ноҳияи Синои пойтахт Фаридун Умаров, бародари муовини аввали раиси Кумитаи давлатии мнияти миллии Тоҷикистон Мансур Умаров ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Бино ба маълумоти радиои «Озодӣ», собиқ сардори шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД дар ноҳияи Фархор Фаридун Умаров, ки бо лақаби «Пантера» маъруф аст, мутобиқи моддаи 289-и КҶ ҶТ (Қочоқи маводи мухаддир) гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 7 сол равонаи зиндон гардид.

Радиои «Озодӣ» хабар медиҳад, Рустам Ҳайитов, маъруф ба «Хаммер» - сарвари ин гурӯҳи чорнафара ба 24 соли зиндон маҳкум шудааст. Ба қавли ин манбаъ, ронанда Қобил Давлатов 12 сол ва Сайвалӣ Исмоилов, ки омӯзгор муаррифӣ мешавад, 7 сол ҳукм гирифтаанд. «Ҳама аз рӯи моддаи 289 - и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – қочоқи маводи мухаддир ҳукм гирифтаанд ва танҳо Рустам Ҳайитов, маъруф ба «Хаммер» ба иловаи ин модда, аз рӯи моддаи 200 – нигаҳдории маводи мухаддир гунаҳкор дониста шудааст», - иттилоъ медиҳад манбаъ.

Қаблан Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ иттилоъ дода буд, ки Фаридун Умаров моҳи январи соли ҷорӣ ҳангоми қочоқи 42 кило маводи мухаддир боздошт гардида буд. Фаридун Умаров маҳз аз ҷониби Агентии мазкур боздошт шуда, дар пайи он як гурӯҳи ҷиноятпешае ошкор гардид, ки ба ҳайати он натанҳо шаҳрвандони қаторӣ, балки афсарони воломақоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ шомил буданд.

Як ҳафта пеш аз ин Агентӣ хабар дода буданд, ки парвандаи мазкур бо айбдорӣ мутобиқи моддаи 200, қ. 3-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ба суд фиристода шуда, дар ҷараёни тафтишот ҳаҷми зарурии маводи собиткунандаи даст доштани айбдоршаванда дар содир намудани ҷиноят ҷамъоварӣ гардидааст.

Пас аз ҳабси Рустам Ҳаитов, пешвои гурӯҳи ҷиноятпешаи қочоқбари нашъа, мақомот дар пайи Умаров ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуданд, ки аз қочоқбарон пуштибонӣ мекарданд. Гуруҳи Ҳаитов маводи мухаддиррро аз Афғонистон тавассути Тоҷикистону Қазоқистон ба Русия интиқол медод.

Муайян карда шуд, ки ба ин гуруҳ афсарони баландрутаби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Ф.Умаров низ шомил будаанд. Ғайр аз ин, дар ҷараёни тафтишот сардори шуъбаи Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии ВКД Тоҷикистон майори милиса Зафар Мирзоев ва сардори шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии РКД шаҳри Душанбе подполковники милиса Тоҳирхон Шеров низ боздошт гардиданд.

Бино ба маълумоти Агентии зиддифасод, шахсони зикршуда ба ҷуз иштирок дар фаъолияти гуруҳи ҷиноятпеша, ҳамчунин бо ришваи зиёд афроди дар қочоқи маводи нашъаовар дастдоштаро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мекардаанд. Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Зафар Мирзоев, Тоҳирхон Шеров ва афроди дигар ба суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ирсол шудааст.