Суди ноҳияи Верх-Исетски шаҳри Екатеринбурги Русия шаҳрванди Тоҷикистон Хайриддин Одинаевро, ки мегуфт кормандони пулиси Екатеринбург ӯро назди даромадгоҳи хонааш боздоштаву ба ҷангал бурдаанд ва сипас пул тамаъ кардаанд, 3 ҳазор рубл ҷарима шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург.
“Ба Хайриддин Одинаев барои “Итоат накардан ба талаботи кормандони пулис” 3 ҳазор рубл ҷарима таъин шуд. Дар мурофиаи судӣ ӯ дар бораи ба ҷангал бурдану пул талаб кардани кормандони пулис чизе нагуфт. Таваҷҷуҳи мо яқинан ба ӯ кумак кард”, - гуфтанд дар консулгарӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар мурофиаи судӣ Татяна Мерзлякова, ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар вилояти Свердловск, Субҳон Қурбонов, дипломати консулгарӣ ва Беҳрӯз Холиқов, намояндаи Вазорати меҳнат дар вилояти Свердловск ҳузур доштаанд.
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Саидзода ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки “мутаассифона, аксари шаҳрвандони мо дар ин ҳолатҳо бевосита ва дарҳол ба муассисаҳои консулгарӣ муроҷиат намекунанд, зеро консулгарӣ ваколату имконият ва фишорҳо лозимаи зиёд барои ҳалли ин масъалаҳоро дорад”.
Ба гуфтаи ӯ, вақте дар консулгарӣ аз расонаҳо дар ин бора хабар ёфтанд, таъҷилан аз ин воқеа ба дастгоҳи ҳукумати вилояти Свердловск, кормандони намояндагии ВКХ Русия дар Екатеринбург, Ваколатори ҳуқуқи инсони вилоят маълумот дода шуд.
“Пас аз ин Омбудсмени вилоят шахсан дар суд ҳузур дошт, то ки қазия мунсифона баррасӣ шавад ва прокурори ноҳияи Верх-Исетск масъаларо зери назорати шахсии худ гирифт”, - мегӯяд Саидзода.
Зимнан зикр шуд, ки корманди консулгарии Тоҷикистон ва намояндаи Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ дар минтақаи Урал дар назди бинои суд бо модари Одинаев вохӯрда, пеш аз оғози мурофиаи судӣ бо худи ӯ ҳам тариқи телефон суҳбат кардаанд.
Ёдрас мекунем, ки чанде пеш “Новая газета” бо истинод ба ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия Валентина Чупик хабар дода буд, ки дар Екатеринбург кормандони пулис шаҳрванди Тоҷикистон Хайриддин Одинаевро дар назди даромадгоҳи хонааш боздошт намуда, сипас ба ҷанагал мебаранд ва аз ӯ пул тамаъ мекунанд.
Дар шуъбаи пулиси №8-и Раёсати ВКД дар Екатеринбург изҳор дошта буданд, ки “шаҳрванд барои қонуншикании маъмурӣ боздошт шудааст”.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста