Шавкат Бобозода, раиси пешини Агентии содирот ва вазири қаблии саноат, ки моҳи сентябри соли гузашта бо гумони тақаллуб дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шуда буд, пас аз чор моҳи ҳабс ва барқарор кардани 280 ҳазор доллар, бо пардохти 128 ҳазор сомонӣ ҷарима озод шудааст.
Дар ин хусус имрӯз, 27-уми январ, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ иттилоъ дод.
Ин расона навишт, ки ҳукми Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе рӯзи 27-уми январ содир шуд ва як манбаи боварбахши дар ин додгоҳ ба шарти фош нашудани номаш гуфт, Шавкат Бобозода 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (128 ҳазор сомонӣ) ҷарима шуд.
"Бобозода зарари расондаро барқарор кард. Аз ин рӯ, додгоҳ нисбат ба ӯ ҷазоро дар намуди ҷарима раво дид. Шавкат Бобозода ба миқдори зиёда аз 280 ҳазор доллар зарарро ба давлат барқарор кард", - навишт ин расона.
Дар хусуси вокуниши Шавкат Бобозода ва наздикони ӯ маълумот дода намешавад.
Ёдовар мешавем, ки Шавкат Бобозода яке аз мансабдорони собиқадори ҳукумат буда, аз соли 2013 то 2019 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон буд.
Соли 2019 аз ин мансаб озод ва ба симмати директори сохтори навтаъсиси Агентии содироти Тоҷикистон нишаст. Ин ниҳод соли 2018 таъсис шуда, содироти маҳсулотро аз кишвар назорат мекунад.
Пас аз боздошт, 29-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат Шавкат Бобозодаро аз вазифаи директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намуда буд.
Роҳхатҳои олимпӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: кӣ аз ҳама зиёдтар дорад?
Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард
“Ба хотири шаффофият!”. Пули иҷораи китобҳои дарсӣ низ дигар ғайринақдӣ супорида мешавад
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста