Дар шаҳри Хуҷанд ду духтари ҷавон бо барномаи фейкии “Dushanbe-city” беш аз 80 мудирони мағозаву ошхона, мағозаҳои либос, толорҳои ҳусн ва ронандаҳои таксиро фиред дода, ҳаққи хидматрасонии онҳоро пардохт накардаанд.

Дар ин бора дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дода мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, гумонбаршудагон Истадбону Ҷумъаеваи 24-сола ва Шоиста Усмоноваи 25-сола, сокинони шаҳри Хуҷанд ҳастанд.

“Гумонбарон амалҳои тақаллубкории худро дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалӣ кардаанд. Онҳо бо чунин усул мудирони мағозаву ошхона, мағозаҳои либос, толорҳои ҳусн ва ронандаҳои таксиро фиреб медодаанд”, - гуфта мешавад дар барнома.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми истифода гумонбарон тариқи барномаи фейкии “Dushanbe-city” аломати тасдиқшудаи гузаштаи ҳаққи хидматрасониро нишон медодаанд, вале дар асл маблағ намегузаштааст.

Тавре Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд гуфтааст, то ин вақт онҳо беш аз 80 нафарро бо маблағҳои аз 200 то 3000 сомонӣ фиреб кардаанд.

Нисбати онҳо тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ин модда ҷарима ба миқдори аз 250 то 1460 нишондиҳанда (1 нишондиҳанда 68 сомонӣ) ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.