Додгоҳи вилояти Хатлон Шамшод Шарифзода, Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматов, кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлобро ба “боздошти худсарона ва шиканҷа”-и Абдуқаҳҳор Розиқов айбдор дониста, ҳар кадоми онҳоро ба 14-солии зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, ҳукми додгоҳ алайҳи милисаҳо рӯзи 25-уми июл содир шудааст.

Абдуқаҳҳор Розиқов шаби дуюми январи соли 2023 аз тарафи маъмурони милиса дастгир шуд ва дар шароити мармуз ҷон дод.

Ҳусайн Одиназода, додраси додгоҳи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 2-юми август зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, ки се корманди милиса мӯҳлати ҳабсро дар зиндони низомаш сахт пушти сар хоҳанд кард.

“Одиназода гуфт, додгоҳ тасдиқ кард, ки се корманди милиса Абдуқаҳҳор Розиқовро шиканҷа кардаанд ва ӯ дар пайи шиканҷа ҷон бохтааст. Ба гуфтаи ӯ, онҳо пас аз анҷоми мӯҳлати ҳабс 12 соли дигар ҳаққи кор дар мақомоти интизомиро нахоҳанд дошт”, - навиштааст Радиои Озодӣ.

Назари худи маҳкумшудаҳо ва наздикони онҳо маълум нест.

Зикр мегардад, ки яке аз милисаҳои маҳкумшуда аз болои ҳукми додгоҳи минтақаи Кӯлоб ба зинаи болоии додгоҳ шикоят бурдааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи боздошт ва марги Абдуқаҳҳор Розиқов дар Кӯлоб шаби 2-юм ба 3-юми январи соли ҷорӣ иттифоқ афтод ва боиси эътирози гуруҳе аз сокинони шаҳр гардид.

Он замон ВКД бо нашри изҳорот сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро истифодаи зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин номид. Павйвандонаш ин иттиҳомро рад карда, сабаби марги Розиқовро шиканҷаи кормандони милиса номида буданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки солона даҳҳо боздоштшуда ва ё наздикони онҳо аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо шикоят мекунанд. Мақомот дар бештари маврид вуҷуди шиканҷаро рад намуда, танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ нисбат ба кормандони милиса парванда боз мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.