Прокуратураи генералии Русия дархости Тоҷикистон дар бораи ба ихтиёраш додани Юсуф Солеҳовро, ки ба даст доштан дар куштори оммавӣ дар Сарбанд ҳанӯз аввали солҳои 90-ум гумонбар дониста мешавад, қонеъ кард. Пас аз содир намудани ҷиноят ин мард дар қаламрави Русия пинҳон шуда буд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Русия.

Ба иттилои ин ниҳод, дар Тоҷикистон нисбат ба Солеҳов доир ба даст доштани ӯ дар куштори 22 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Тибқи фарзияи тафтишот, 14 октябри соли 1992 ӯ ҳамроҳи ҳаммаслаконаш бо мақсади дуздии амвол ба хоане даромада, аъзои ин хонаводаро аз автомат мепаронад ва сипас ба рӯи ҷасадҳо бензин пошида, онҳоро оташ мезанад.

“Ба ду нафар муяссар мешавад, ки зинда монанд. Ҷинояткорон аз ҷойи ҳодиса бо автмашинаи ҷабрдидагон мераванд. Минбаъд Солеҳов қаламрави Тоҷикистонро тарк карда, муддати тӯлонӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар қаламрави Русия пинҳон шудааст”, - гуфтааанд дар Прокуратураи генералӣ.

Моҳи марти соли гузашта суди шаҳри Бохтар ба ҳабс гирифтани ин мардро иҷоза дода, ӯ мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон шуд. Пас аз боздошт ҷониби Русия дархости Прокуратураи генералии Тоҷикистонро дар бораи ба ихтиёрашон додани ӯ қонеъ кард.

Дар хабар гуфта мешавад, қарор дар бораи истирдод ҳукми қонунӣ гирифта, ба Хадамоти федералии иҷрои ҷазо дастур дода шудааст, ки ба ихтиёри Тоҷикистон додани айбдоршавандарои амалӣ кунад.

Маълум нест, ки чаро чунин ҷинояти даҳшатноки 30 сол пеш содиргардида танҳо акнун мавриди таваҷҷуҳи хоссаи низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шудааст.

Тавре ки дар хабари Прокуратураи генералии Русия зикр мешавад, 10 марти соли 2022 суди шаҳри Бохтар ба ҳабс гирифтани Солеҳовро иҷоза дода, ӯ мавриди пайгард эълон шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.