Кормандони милитсияи Душанбе Муҳаммадшариф Ҷӯраеви 39-соларо, ки ба оташзании пулҳои нақди ширкати “Омега-фудс” ба маблағи ҳудуди 2,5 млн сомонӣ дар автомашинаи шахсиаш гумонбар дониста мешавад, боздошт намуданд. Гузориш дар ин бора дар барномаи махсуси ВКД “Ахбори ВКД” намоиш дода шуд.

Дар гузориш гуфта мешавад, Ҷӯраев ҳангоми кор дар ширкат вазифадор мешавад, ки 3,5 млн сомонӣ маблағро ба бонк гузаронад. Аммо, тибқи фарзияи пешакии тафтишот, қисмате аз ин пулҳо - ҳудуди 1 млн сомониашро ӯ ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст.

“Бо мақсади пинҳон кардани ҷинояти худ, ӯ ба маблағи боқимонда- ҳудуди 2,5 млн сомонӣ, ки дар дохили халтаҳо дар автомашинааш буданд, бензин рехта, онҳоро оташ мезанад”, - зикр мешавад дар гузориш.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса рӯзи 1 август дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, мақсади оташзании пулҳо ташкил кардани намуди зоҳирии бардурӯғ будааст: яъне гӯё ҳамаи пулҳо - 3,5 млн сомонӣ ҳангоми сӯхтор бо сабабҳои техникӣ нобуд шудаанд.

Зимни гузориш зикр мегардад, ки дар ҷараёни тафтишот Муҳаммадшариф Ҷӯраев ба гуноҳи худ иқрор шудааст.

Гумонбари оташзани 2,5 млн сомонӣ
Сурат: ВКД ҶТ

Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 255, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Барқасдона нобуд кардани амвол) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, дар сурати тасдиқи гуноҳ, ба ӯ ҷаримаи калон ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол таҳдид мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.