Духтари ноболиғе, ки гуфта мешавад, боиси муноқиша миёни кормандони милитсия ва сокинон дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан шудааст, дар “амалиёт”-и ҷалби ҷавоне ба артиш иштирок доштааст. Кормандони оперативӣ мехостаанд тавассути он духтар, ҷавони аз хидмати ҳарбӣ саркашикардаро дастгир намоянд. Дар ин бора Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд зини нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Сухан аз муноқишае меравад, ки 31-уми майи соли 2023 дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан рух додааст. Дар наворе, ки Раёсати ВКД дар вилояти Суғд санаи 2-юми июл нашр кардаву баъдан пок намуд, дида мешуд, ки як гуруҳ сокинон бо кормандони милитсия муноқиша доранд.

Фурқат Хоҷазода гуфт, кормандони оперативӣ барои пешбури кори худ шаҳрвандонро низ ҷалб мекунанд ва ин духтар аз деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан ҳам бо хоҳиши худ бо мақомот ҳамкорӣ мекард.

“Кормандони оперативӣ мушоҳида  мекунанд, ки дар деҳаи Лакат як ҷавони синни ҳарбӣ аз адои хидмат саркашӣ мекунад. Онҳо маълум мекунанд, ки ҷавони саркаш бо як духтари ҳамсояаш муносибат доштаасту тариқи телефон суҳбат мекардааст. Кормандон барои ёфтани даъватшаванда бо он духтар сӯҳбат ва барои дастгир кардани ҷавон ӯро ҷалб мекунанд”, - гуфт додситони вилояти Суғд.

Ба гуфти Фурқат Хоҷазода, духтар бо ҷавон тавассути телефон суҳбат мекунад ва кормандони милитсия макони ӯро муайян карда, ба онҷо мераванд.

“Ҷавон аз асли воқеа хабар ёфта, фирор мекунад ва ҳамин тавр, дар мошин ду духтар мемонад. Ба ҷойи ҳодиса нозирони минтақавӣ ва наздикони духтар меоянд. Фаҳмиши нодуруст, ки гӯё кормандони милитсия бо мақсади ишқварзӣ занҳоро бо худ бурда бошанд, сабаби сар задани муноқиша мешавад”, - гуфт Фурқат Хоҷазода.

Фурқат Хоҷазода

Пайвандони сокинони боздоштшуда ҳодисаро ба таври дигар шарҳ медиҳанд ва мегӯянд, кормандони милитсия духтари ноболиғро ба мошини худ савор карда, ба саҳро бурдаанд ва нисбати ӯ рафтори ношоиста кардаанд. Пас аз фарёди духтар сокинони атроф ба назди мошин ҷамъ шуда, аз кормандони милитсия шарҳи ҳодисаро талаб кардаанд ва қазия ба муноқиша печидааст.

Додситони вилоят мегӯяд, духтар барои гумроҳ кардани тафтишот нишондоди худро дигар кардааст.

“Духтар барои наҷоти амакаш фикрашро дигар карда, даъво намуд, ки ман ба хоҳиши худам наомадаам, маро барои алоқаи ҷинсӣ кардан оварданд. Агар корманди мақомот нисбати духтарон мақсади ғайр медошт ба саҳро, ҷойи серодам намебурд. Ташхисҳо низ дурӯғи духтарро исбот карданд", - зикр кард додситони вилояти Суғд.

Аммо додситони вилоят шарҳ надод, ки ҷалби ноболиғ барои “пешбурди корҳои оперативӣ” то куҷо дуруст аст.

Дар ҳамин ҳол, Руқия  Ниёзқулова, модари духтари ноболиғ мегӯяд, кормандони ҳукумат ва додситонии шаҳр ба ӯ барои суҳбат бо журналистон ва паҳн кардани навор аз ҷойи ҳодиса, фишор меоранд.

Ёдовар мешавем, ки ду ҳафта пеш, 3-юми август, Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан ҳам ҳодисаи мазкурро шарҳ дода, гуфта буд, ки сабаби асосии он, “маъракаи муҳими сиёсӣ - даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ буд”.

Аммо пештар аз ин Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо нашри наворе гуфта буд, ки сокинони деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан кормандони милисаро ҳангоми “таҳқиқи як хабари оперативӣ” латукӯб кардаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳо дохилии Тоҷикистон ҳам зимни нишасти матбуотии ахири худ, 14-уми август, сабаби муноқишаи мазкурро “монеагӣ эҷод кардан барои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ” номид.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, дар пайи ин ҳодиса  нисбати 9 нафар бо се модда, аз ҷумла авбошӣ ва “истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамчунин алайҳӣ 18 сокини дигари шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.