13 сол пеш дар ин рӯз аз Боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 25 маҳбус фирор карданд. Ин фирори пурсарусадотарини маҳбусон давоми соҳибистиқлолии Тоҷикистон буд. Ҳарчанд бо гузашти бештар аз як сол ҳамаи фирориён боздошт ё кушта шуданд, аммо дар пайи он раиси КДАМ ва се муовини ӯ аз мақом барканор гардиданд.

“Азия-Плюс” талош кард, ки ҳамаи ҳодисаҳои фирори маҳбусон аз зиндонро дар 15 соли охир ёдоварӣ кунад. Таҷҷубовар аст, аммо на ҳамаи фирориён боздошт ё кушта шудаанд. Дар ин миён ба ду нафар даст додааст, ки аз зиндони Тоҷикистон фирор карда, дар кишвари худ паноҳ баранд.

Фирори пуровозаи 25 маҳсуб аз Боздоштгоҳи муваққатии КДАМ

Расо 13 сол пеш, шаби 22 ба 23-юми августи соли 2010-ум, 25 нафар зиндониён аз Боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) фирор карданд. Онҳо бо ҷурми сангин, аз қабили терроризму экстремизм гунаҳкор мешуданд.

Ба иттилои мақомот он шаб боздоштшудагон 5 посбонро кушта, силоҳу мошинҳои дар боздоштгоҳ ва берун аз он қарордоштаро гирифта, фирор кардаанд.

Раҳбарияти КДАМ баъдан изҳор дошт, ки фирор аз ҷониби се маҳбуси дар боздоштгоҳ қарордошта - Иброҳим Насриддинови 36-сола, Ҳикмат Азизови 37-сола ва Магомет Ахмадови 37-солаи зодаи Доғистон ташкил шудааст.

Фирориён 14 шаҳрванди Тоҷикистон ва 11 шаҳрванди хориҷӣ - шаҳрвандони Русия, Афғонистон ва Ӯзбекистон буданд.

Бинои Боздоштгоҳи №1

Дар байни маҳбусони фирорӣ Абдурасул Мирзоев, бародари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, чанд тан аз бародарону ёрони Мирзо Зиёев, фармондеҳи пешини нирӯҳои мухолифин ва Иброҳим Насриддинов, маҳбуси собиқи зиндони амрикоии Гуантанамо буданд.

Амалиёти таъқиби маҳбусони фирорӣ то боздошти охирин нафари онҳо дар маҷмӯъ 1 солу 3 моҳ тӯл кашид. Дар ҷараёни ин амалиёт, ба ҳисоби мақомот, 14 нафар дастгир ва 7 тан аз фирориҳо кушта шудаанд.

Се шаҳрванди Афғонистон - Маҳмадамир валади Қурбоналӣ, Муҳаммадвалӣ валади Тозагул, Муҳаммадзокир валади Муҳаммадҳалим дар вилояти Тахори Афғонистон боздошт шуданд, аммо Кобул онҳоро ба Душанбе насупорид.

Охирин нафар аз ин 25 маҳбуси фирорӣ, ки моҳи ноябри соли 2011, баъди қариб 15 моҳ дастгир шуд, Аъзамшо Зиёев, мулаққаб ба “Панҷара”, яке аз бародарони фармондеҳи пешини мухолифин Мирзо Зиёев буд.

Баъди ин фирор Хайриддин Абдураҳимов, сардори КДАМ-и Тоҷикистон ва се муовини ӯ аз вазифа сабукдӯш шуданд.

Ҳамчунин, муовини сардори Боздоштгоҳи муваққатии КДАМ Сайдулло Бердиев ва муҳофизи ҳамин муассиса Сӯҳроб Акбаров ба 8,5 соли зиндон, як посбони дигар - Саидалӣ Саидов ба 2 соли зиндон, Қобилҷон Касиров, навбатдори боздоштгоҳ ба 5 соли зиндон маҳкум шуданд.

Фирориёни боздоштшуда Иброҳим Насриддинов, Зайдулло Азизов, Толибшо Наимов ва Сайисмон Хуҷаев бо ҷурми куштор, бандитизм, фирор аз Боздоштгоҳи муваққатӣ, нигоҳ доштан ва интиқол додани аслиҳа ва маводи тарканда, дуздии мошин ва муқовимат, бо мусодираи молу мулк, ба ҳабси якумра маҳкум шуданд.

Инчунин, Абдурасул Мирзоев, Магомед Аҳмедов ва Алӣ Алиев, бо мусодираи молу мулк, ба муҳлати 30 сол аз озодӣ маҳкум гардиданд.

Илова бар ин, дар нисбати чанд нафар шаҳрвандоне, ки ба паноҳгоҳ додани фирориён ё хабар надодан аз макони будубоши онҳо муттаҳам мешаванд, ҳукми додгоҳ содир шуд.

Фирори ду зиндонӣ дар Хуҷанду Хоруғ

Аз ин пештар, моҳи июли соли 2008-ум ду маҳбус аз зиндони шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд фирор карда буданд.

Ҳодиса шаби 1-уми июл рух дода, ду маҳкумшуда, ки ҳукми тӯлониро адо мекарданд, кӯшиш карданд, аз зиндон фирор кунанд.

Баъдан манобеъ гуфтанд, ки ҳарду фирориро посбон дида ва ҳушдор додааст, аммо маҳбусон ба ин вокуниш нишон надоданд ва пас аз он посбон тир холӣ карда, онҳоро захмӣ кардааст. Яке аз фирориён ҷон бохта, ба дигарӣ муяссар шудааст, ки фирор кунад.

Фирорӣ Бахтиёр Баротов, ки барои куштор 20 соли зиндонро адо мекард, моҳи июни соли 2005 ба ҳабс гирифта шуда буд. Ӯро пас аз 8 рӯзи фирор дар яке аз биноҳои истиқомати шаҳри Хуҷанд боздошт карданд.

Баъдан бо ҳукми додгоҳ ӯ барои фирор боз ба 21 соли зиндон маҳкум шуд.

Маҳбаси шаҳри Хуҷанд

Ду фирорие, ки боздошт нашуданд

22-юми сентябри соли 2008 бошад, ду шаҳрванди Афғонистон, ки барои убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ва қочоқи маводи мухаддир маҳкум шуда буданд, аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хоруғ фирор карданд. 

Даврон валади Парпишо ва Қурбонназар валади Имомназар, ки аз минтақаи ҳаммарзи Афғонистон буданд, таҳти назорат барои сохтмони Боздоштгоҳи нав ба Хоруғ фиристода шуданд ва тахминан соати 16:00 аз онҷо фирор кардаанд.

Ҷустуҷӯи фирориён натиҷае надод ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тахмин карданд, ки фирориён тавонистаанд марзи давлатиро убур карда, дар Афғонистон пинҳон шаванд.

Ду талоши фирор аз зиндонҳои Ваҳдат ва Ёвон

Пас аз ин фирор, қариб ҳар сол маҳбусон аз зиндонҳои Тоҷикистон талоши фирор мекарданд, вале боздошт ё кушта мешуданд.

Аз ҷумла, соли 2013 аз кӯшиши фирор аз маҳбаси шаҳри Ваҳдат пешгирӣ шуд. Шаби 13-уми апрел Шодиев Иззатулло, ки бо ҷурми дуздӣ ба муддати 3 сол ба зиндон маҳкум шудааст, аз зиндон фирор карданӣ шуд.

Аммо аз фирори ӯ он шаб се нафар хидматчиёни ҳарбӣ пай бурда, бонги изтироб заданд. Пас аз он ки маҳбус огоҳии посбонро нодида гирифт, ба сӯйи ӯ оташ кушода шуд. Шодиев аз пояш ярадор шуда, дар муассисаи тиббии тобеи он дар беморхона бистарӣ гардид.

Ҳамин тавр, моҳи майи соли 2014 шаҳрванди Эрон Маҳдии Камбарӣ, ки дар Тоҷикистон барои убури ғайриқонунии марз ба муддати 2 сол маҳкум шуда буд, аз зиндони ноҳияи Ёвон фирор карданӣ шуд.

Аз фирори ӯ ҳам посбонҳои зиндон огоҳ гардида, бонги изтироб заданд ва ба маҳсуб ҳушдор доданд, ки аз ҷояш наҷунбад. Маҳдии Камбарӣ ба ҳушдор итоат накарда, ба фирори худ идома дод.

Посбонҳои зиндон ба сӯи ӯ тир холӣ карданд ва маҳбус аз пояш захмӣ шуд.

Фирор бо мошини сардори зиндони Бохтар

4-уми июли соли 2015 як маҳкумшуда бо истифода аз мошини сардори зиндон аз зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) фирор кард.

Он маҳкумшуда, ки барои куштор ба 23 соли зиндон маҳкум шуда буд, пул ва калиди мошини сардори зиндони Бохтарро дуздида, дар бағоҷи он пинҳон шудааст.

Сардор бо мошин аз ҳудуди зиндон баромада, аммо мошини ӯро касе насанҷидааст. Дар беруни зиндон, дар истгоҳи аввал фирорӣ аз бағоҷи мошин берун шуда, ба хонаи хешовандонаш ба шаҳри Ваҳдат рафтааст.

Дар зиндон аз фирори он маҳбус то охир хабар наёфтаанд. Бо як тасодуфи аҷиб, корманди оперативии шӯъбаи корҳои дохилии маҳаллӣ маҳбусро дар маркази шаҳри Ваҳдат дида ва шинохтааст, ки замоне ӯро барои куштор дастгир ва зиндонӣ карда буд.

Ӯ боздошт ва ба зиндон баргардонда шуд.

Зиндони Бохтар

Ду фирор дар шаш моҳи соли 2016

Шоми 24-уми ноябри соли 2016 Амонуллохон Носирӣ, сокини 26-солаи Исфара аз зиндони шаҳри Хуҷанд фирор кард. Ӯро баъди ду рӯз дар зодгоҳаш боздошт ва барои фирор муттаҳам дониста, 5 соли дигар аз озодӣ маҳрум карданд.

Ӯ дар соли 2009 бо ҳукми додгоҳи вилояти Суғд барои ғоратгарӣ гунаҳкор дониста шуда, ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Шаби 17-уми июни соли 2016 маҳбусон Рамзуллохон Дадохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзошариф Қаюмов мудири шӯъбаи назорат ва тарбияти маҳбас  Ёрмамад Алимамадовро бо корд захмӣ карда, аз маҳбас фирор карданд.

Ҳабибҷон Юсупов дар моҳи октябри соли 2013 ба иттиҳоми куштори як корманди нуқтаи саррофӣ ба 20 сол ва Рамзуллохон Додохонов дар моҳи январи соли 2013 барои ширкат дар амалиёти ҷангӣ дар Вазиристони Покистон ба ҳамин давраи зиндон маҳкум шуда буданд. Онҳо боздошт шуданд.

Ҳангоми кӯшиши фирор, Мирзошариф Қаюмов кушта шуд, ки моҳи декабри соли 2015 барои ширкат дар амалиёти ҷангӣ дар Ироқ ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Охирин фирор

Бори охир, Аҳмадбек Саидов шаби 18 ба 19-уми августи соли 2022 аз Боздоштгоҳи рақами 1-и Душанбе фирор кард. Ӯро моҳи августи соли 2022 дар қатори дувоздаҳ каси дигар аз Русия ба Тоҷикистон истирдод карда буданд. Номбурда дар “ҳамлаи ғоратгарона ва тасарруфи 86 ҳазору 250 сомонӣ дар соли 2007 дар Данғара” муттаҳам мешуд.

Баъд аз фирор Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон барои ироаи иттилоъ дар бораи Аҳмадбек Саидов, маҳбуси фирорӣ, 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ваъда кард.

Пас аз се моҳи фирор, 1-уми октябри соли 2022 Аҳмадбек Саидов дастгир шуд. Он вақт як манбаъ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" боздошти ӯро тасдиқ кард, вале нагуфт, ки дар куҷо ва аз ҷониби кӣ фирорӣ боздошта шуд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоте паҳн гардид, ки маҳбуси фирорӣ 1-уми октябри соли 2022 аз ҷониби як курсанти ВКД дар шаҳри Конибодом дастгир шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.