Зимни суханронӣ дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ҳолатҳои сохтакории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин, ғайриқонунӣ додан, хариду фурӯши заминҳо, худсарона ишғол кардани қитъаҳои замин ва дигар қонунвайронкуниҳо ҳоло ҳам аз байн нарафтаанд.

Матни суханронии сарвари давлатро хадамоти матбуоти президент дар саҳифаи расмиаш нашр кардааст.

Ба гуфтаи сарвари давлат, дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ҳодисаҳои аз ҷониби роҳбарият ва баъзе кормандони ҳукумати маҳаллӣ, мақомоти худидораи шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва шахсони алоҳида тақсимоти ғайриодилонаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ то ҳанӯз ҷой доранд.

“Соли гузашта нисбат ба 161 нафар шахсони мансабдор, аз ҷумла 5 корманди ҳукумат, 4 меъмор, 25 корманди кумитаи идораи замин, 55 нафар корманди корхонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, 65 нафар раисон ва муҳандис – заминсозони ҷамоатҳо, 7 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар робита ба масъалаи замин парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда шуданд”, - зикр кардааст сарвари давлат.

Гуфта мешавад, онҳо барои ғайриқонунӣ додани замин, сохтакории ҳуҷҷатҳои заминсозӣ ва қаллобӣ гунаҳкор дониста шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои президент, қариб 18 ҳазор гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолгардида ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.

Зикр мегардад, ки инчунин, ғасби беш аз 51 гектар заминҳои соҳаи маориф ошкор гардида, 25 гектари он (Шаҳритус 2,7 гектар, Ҷаббор Расулов 2,6, Бобоҷон Ғафуров 1,9, Истаравшан 1,8, Панҷ 1,8, Восеъ 1,6, Деваштич 1,4, Конибодом 0,90 гектар ва дигар шаҳру ноҳияҳо) ба ҳолати аввала баргардонида, 13 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.