Меъёрҳои тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо коррупсия», ки рӯзи чоршанбе палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ қабул кард, пас аз дастгирӣ шудани он аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва имзои президент мавриди амал қарор хоҳанд гирифт.

Мутобиқи тағйироту иловаи воридшуда ба қонуни мазкур, аз ин ба баъд ба мансабдорони воломақомои давлатӣ ба кор гирифтани домоду келинҳои худ манъ карда мешавад.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» яке аз муаллифони ин тағйирот намояндаи мардумӣ дар палатаи поёнии парлумони кишвар Саодат Амиршоева изҳор кард, ки ҳадаф аз ворид сохтани чунин тағйирот тақвияти мубориза бо коррупсия дар вазорату идораҳои давлатӣ аст.

«То мавриди амал қарор гирифтани тағийрот ман ба мансабдорони воломақоми давлатӣ маслиҳат медиҳам, ки ҳарчи зудтар аз тобеъон-хешовандони худ халос шаванд, вагарна назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт», - таъкид кард Амиршоева.

Акнун домоду келинҳои мансабдорон низ хешовандони наздики мансабдори воломақоми давлатӣ шуморида мешаванд. Қаблан ҳамсарон, волидайн, кӯдакон ва қудоҳои мансабдорон хешованди наздики мансабдор маҳсуб меёфтанд.

Тағйироти мазкур бо ташаббуси намояндагони мардумӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва муовини раиси парлумон Назира Ғаффорова ва Баракатулло Атохоҷа (собиқ раиси шаҳри Душанбе) ва ҳамчунин собиқ додситони шаҳри Қӯрғонтеппа Саодат Амиршоева мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.