Ба рӯзномаи ҷаласаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, масъалаи қабули изҳорот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон ворид карда шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, вакилони парлумон ҷиҳати ҳарчи зудтар аз таъмир баровардани пули роҳи оҳан дар мавзеи Ғалаба-Амузанг, ки рӯзи 16-уми ноябр аз ҷониби «афроди номаълум» тарконида шуда буд, ба ҳамтоҳои ӯзбеки худ муроҷиат карданианд.
Ёдрас мекунем, ки 16-уми ноябри соли равон дар қитъаи роҳи оҳан дар мавзеи Ғалаба-Амузанг такягоҳҳои пули роҳи оҳан хароб гардида, дар натиҷа ҳаракати қатораҳо тавассути ин масир қатъ гардид.
Ин қитъаи роҳи оҳани кишвари ҳамсоя қитъаи роҳи оҳани вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо нуқтаҳои берун аз қаламрави Тоҷикистон мепайвандад.
Бино ба маълумоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», айни замон дар қитъаи роҳи оҳани мавзеи Ғалаба-Амузанги Ӯзбекистон ҳудуди 350 адад вагонҳои Тоҷикистон , ки ба минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ раҳсипор буданд, мутаваққиф шудаанд. Ин вагонҳо дорои маводи сӯзишворӣ, орд, гандум ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия мебошанд.
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста