Маъракаи интихоботии вакилон ба парлумони Қазоқистон, ки рӯзи якшанбе, 15-уми январи соли равон баргузор шуд, дар фазои хеле орому амн баргузор шуда, дар ҷараёни он ҳеҷ қонуншикании баргузории маъракаи интихоботии кишвар ба мушоҳида нарасид, - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадшариф Нозимов, ки ба сифати нозири байнулмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар ин маърака иштирок дошт.

Ба гуфтаи вай, сарусадо ва ҳангомаҳои як катор ВАО-и Қазоқистон ва сиёсатмадорони ҷудогонаи ин кишвар атрофи маъракаи интихоботии мазкур ягон асоси вокеие надоранд.

«Дар рӯзи интихобот ман бо ҳамтоҳои худ аз Русияву Озарбойҷон ва Белорус аз беш аз 20 қитъаҳои интихоботӣ дар шаҳри Алмаато боздид кардем ва ҳеҷ як қонуншиканиеро мушоҳида накардем», - иброз дошт Нозимов.

Ба қавли ӯ, тамоми қитъаҳои интихоботӣ бо камераҳои назораи видеойӣ муҷаҳҳааз гардида, дар тамоми қитъаҳо нозирон аз ҳамаи ҳизбҳои сиёсии дар интихобт иштирокдошта ҳузур доштанд.

«Яке аз хусусиятҳои тамоми маъракаҳои интихоботӣ он аст, ки дар он дар баробари ғолибон шикастхӯрдаҳо низ мавҷуданд ва ахириҳо на ҳама вақт шикасти худро эътироф мекунанд», - афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихоботи парлумонии Қазоқистон 7 ҳизб ширкат варзиданд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, интихобкунандагон ба ҳизбҳо тариқи зайл раъй додаанд: ҳизби «Нур Отан» - 80,74%; «Ак Жол» - 7,46%;  Ҳизби халқии коммунистӣ - 7,2%; Ҳизби мухолифи умумилии сотсиал-демократӣ – 1,59% ва ҳизбҳои боқимонда аз ин шумор камтар.

Қобили зикр аст, ки дар маъракаи интихоботи парлумонии Қазоқистон беш аз ҳазор нафар нозирони байнулмилалӣ ширкат варзида, зиёда аз 120 намояндагони ВАО-и хориҷӣ аз ҷараёни баргузории он гузориш таҳия намуданд.