Чанде қабл намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар шаҳри Женева Салоҳиддин Насриддинов бо Муовини Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Андрей Василев мулоқот дошт.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат масъалаҳои рафти омодагӣ ба Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифтанд.

Худи ҳамон рӯз Намояндаи доимии Тоҷикистон С. Насриддинов ҳамчунин бо Директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират Вилям Леси Свинг вохӯрӣ доир намуд.

 Сафир С. Насриддинов ба намояндаи воломақоми СБМ даъватномаи расмии Вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ҷиҳати иштирок дар конфронси RECCA-V супорид.

 Ба В.Л. Свинг дар бораи масъалаҳои конфронс, ки ба тарҳрезии лоиҳаҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар бозсозии иқтисодии Афғонистон марбутанд, минҷумла масъалаҳои муҳоҷират, маълумот дода шуд.

Дар навбати худ, Директори генералии СБМ ба масъалаҳои роҷеъ ба ҳамкории Созмони ӯ бо сохторҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба вазъи муҳоҷирини афғон дар кишвар диққати бештар дод.