Комиссияи марказиии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон чор номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қайд гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КМИР хабар доданд, ба сифати номзадҳо аз ҳавзаҳои интихоботии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ раиси шаҳри Истаравшан, узви Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Иброҳим Абдуллоев ва аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – раисони ноҳияи Рӯдакӣ - Саймурод Тағоев, Рашт – Саидумрон Абдураҳмонов ва Панҷ – Абдуҷон Таваккалов сабти ном шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, маъракаи интихоботи аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ба рӯзи 25-уми феврал таъин шудааст.

Ёдрас мекунем, ки 15-уми декабри соли 2011 дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости шахсии собиқ аъзои палата собиқ раиси шаҳри Истаравшан Муним Холиқов, ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров ва ноҳияи Панҷ Мирзодавлат Сабуров қонеъ гардонида шуда, ваколатҳои аъзои ММ МО ҶТ шахсони мазкур бекор карда шуд.

Нимаи соли гузашта бинобар даргузашти нобҳангоми раиси ноҳияи Тоҷикобод Махсум Фозилов ваколатҳои ӯ низ қатъ гардида буданд.

Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матлубхон Давлатов ва Нуриддини Саидов, ки мутаносибан муовини аввали нахуствазир ва вазири маорифи ҷумҳурӣ таъин шуданд, низ бояд ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ-ро супоранд.

Қобили зикр аст, ки вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро интихоб намуда, 8 нафари дигар бо фармони президенти ҷумҳурӣ таъин карда мешаванд.

Ғайр аз ин, собиқ президентҳои Тоҷикистон ба якумрӣ аъзои Маҷлиси миллӣ будан ҳуқуқ доранд. Дар даъватии феълии Маҷлиси миллӣ собиқ президенти ҶТ Қаҳҳор Маҳкамов аз чунин ҳуқуқ бархӯрдор аст.