Ба наздикӣ дар Ҷидда вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) профессор Акмалиддин Эҳсоноғлу доир гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, сафири Тоҷикистон А. Юлдошев ба Дабири кулли СҲИ паёми даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расулро барои иштирок дар Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки 26-27 марти соли равон дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, тақдим кард.

 Ҳамзамон, Сафири тоҷик ёдовар шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Конфронс аҳамияти хоса медиҳад ва 27 январ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориши Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ оид ба рафти омодагӣ ба ин ҳамоиши бузурги байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

 Дар навбати худ, Дабири кул А. Эҳсоноғлу изҳори сипос карда, афзуд, ки ӯ саъй хоҳад намуд, то дар кори Конфронс ширкат варзад.

 Ҳамчунин, вохӯрии Сафири Тоҷикистон А. Юлдошев бо Раиси Бонки рушди исломӣ Аҳмад Муҳаммад Алӣ барпо шуд.

 Дипломати тоҷик ба Раиси Бонк паёми даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расулро ҷиҳати ширкат дар Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) супурд.

 Аҳмад Муҳаммад Алӣ миннатдории хешро баён намуда, иброз дошт, ки кӯшиш хоҳад кард, то дар кори Конфронс дар раъси як ҳайати бонуфуз ширкат варзад.