Дар ҷаласаи Раёсати Шӯрои сиёсии Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон, ки ахири ҳафтаи гузашта доир гардид, масоили омодагӣ ба маъракаи интихоботи президенти ҷумҳурӣ дар моҳи ноябри соли 2013 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров хабар дод, дар ҷаласа таъкид гардид, ки бидуни тағйироти назаррас дар қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба интихобот, андешаронӣ кардан роҷеъ ба иштироки аҳзоби сиёсӣ дар он ва баргузор кардани худи интихобот мувофиқи мақсад нест.

«Муддати чанд сол аст, ки мо дар бораи ба ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ шомил гардидани намояндагони аҳзоби сиёсӣ, бақайдгирии номзадҳои худпешбаришуда ба мақоми президентӣ, ташкили асосҳои ҳуқуқӣ барои таъсиси эътилофҳои аҳзоби сиёсӣ оид ба пешбарӣ кардани номзади ягона ҳарф мезанем, лекин ба ҳеҷ ваҷҳ моро шуниданӣ нестанд», - таъкид кард раиси ҲУСДТ.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи вай, то маъракаи интихоботии президентии соли 2013 дар Тоҷикистон, ташкили механизмҳои назорати судии арзу шикояти воридшаванда дар ҷараёни он зарур аст, зеро пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 бинобар сабаби мавҷуд набудани чунин механизмҳо беш аз 100 шикояти ҲУСДТ бобати қонуншиканиҳо нодида гирифта шудаанд.

Р.Зойиров ҳамчунин иброз дошт, ки дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲУСДТ вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардида, зикр гардид, ки «бесалоҳиятии ҳукумати Тоҷикистон ба чунин вазъ мусоидат мекунад».

«Дар ҷаласа ҳамчунин масоили вазъи некӯаҳволии аҳолии кишвар дар робита ба болоравии арзиши нерӯи барқ аз 1-уми апрел ба андозаи 20%, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ҳамчунин ноуҳдабароии ҳукумати Тоҷикистон бобати гуфтушунид бо Русия дар масъалаи бекор кардани боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтӣ низ баррасӣ шуданд», - иброз дошт вай. – Ман аз он дар тааҷҷубам, ки ҳукумати Қирғизистон дар масъалаи таъминот бо маҳсулоти нафтии Русия бидуни боҷи содиротӣ ба мувофиқа ноил гардид, вале ҳукумати Тоҷикистон дар ин масъала қадаме ба пеш намегузорад».

Раиси ҲУСДТ ҳамчунин гуфт, дар масъалаи протоколи ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти рақами 32-20, ки бевосита ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аниқтараш барканор сохтани он аз ҷомеа дахл дорад, ҲУСДТ бетараф буда наметавонад, зеро чунин амал метавонад нисбат ба ҳама гуна ҳизби сиёсӣ пеш гирифта шавад.

«Дар баргузор намудани санҷиши прокурорӣ оид ба мавҷудияти чунин протокол ва фармони дахлдор ба ВКД зарурате нест. Танҳо мебояд рӯйхати асноди ҳукумати ҶТ ва ВКД-и Тоҷикистонро тартиб дод ва аз рӯйи натиҷаи он маълум хоҳад шуд, ки дарвоқеъ он протокол вуҷуд дошт ё он як сохтакорие буд», - афзуд Р.Зойиров.