Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо сарони кишварҳои Эрону Покистон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зимни мулоқот сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ба сохторҳои марбутаи ду кишвар дастур доданд, ки барои ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд такмил додани нақби Истиқлол, ба кор даровардани чархаи дуюми нерӯгоҳи обии Сангтӯда – 2, оғози сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ дар болои рӯди Зарафшон ва ба поён расондани имконсанҷии техникӣ ва молиявии қисмати тоҷикистонии лоиҳаи бунёди роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин чораҳо амалӣ намоянд.

Дар мулоқот бо президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ доир ба тезондани татбиқи лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ барои тавассути сарзамини Афғонистон ба ҳам пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётии Тоҷикистону Покистон, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир ва ғайра гуфтугӯи судманд сурат гирифт.